Дар Душанбе ҳамкории Тоҷикистон бо Малта ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо баррасӣ гардид

Июнь 26, 2024 15:34

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷӣ, аврупоӣ ва тиҷоратии Малта, раиси амалкунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА)  Ян Борг, ки дар Душанбе қарор дорад, мулоқот намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар мулоқот доираи васеи ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо Малта, инчунин ҳамкорӣ  дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо инчунин атрофи қазияҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла муқовимати муштарак алайҳи чолишҳои муосир, тағйирёбии иқлим, терроризму ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва киберҷиноят мубодилаи афкор намуданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 15:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Прага таҳкими ҳамкории Тоҷикистон ва Чехия баррасӣ гардид
Санадҳои нави ҳамкорӣ барои тақвияти робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Узбекистон шароити мусоид фароҳам меоранд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд