Дар Душанбе Форуми байналмилалии пиряхҳо ба кор оғоз намуд

Июнь 10, 2024 09:01

ДУШАНБЕ, 10.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Форуми байналмилалии пиряхҳо дар Душанбе ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форум олимони варзида, коршиносон, намояндагони кишварҳои гуногун ва ҷонибҳои манфиатдорро баҳри баррасии масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ аз тағйирот дар криосфера дар шароити тағйирёбандаи иқлим ба ҳам ҷамъ овардааст.

Дар ҳошияи форум қарорҳо доир ба баланд бардоштани огоҳонии минбаъда оид ба Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии пиряхҳо дар соли 2025, пешниҳоди Харитаи роҳ оид ба баргузории Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва Рӯзи байналмилалии пиряхҳо дар соли 2025 қабул мегарданд.

Давоми рӯз дар доираи форум фикру мулоҳизаҳо дар бораи Харитаи роҳ баррасӣ гардида, таҳқиқот ва лоиҳаҳое, ки ҳамчун саҳм барои расидан ба ҳадафҳои Соли байналмилалии қутбӣ-2025 амалӣ карда мешаванд, инчунин таҷрибаҳои беҳтарин, дарсҳои омӯхта ва ҳамоҳангсозии имконпазир муаррифӣ карда мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 09:01

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Вена брифинг оид ба омодагӣ ба Конфронси 4-уми оби Душанбе баргузор гардид
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
Раванди оби Душанбе – арсаи муҳим дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Пиряхҳои Тоҷикистон тақрибан 60 фоизи ҷараёни оби дарёҳоро таъмин менамоянд
Соли 2025 ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон дар соҳаи об ва ҳифзи пиряхҳо ба таври густурда муаррифӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст