Дар Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин баргузор шуд

Июнь 22, 2024 11:11

ДУШАНБЕ, 22.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дар шаҳри Душанбе Форуми тиҷоратӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Чин доир гардид, ки дар он 150 нафар соҳибкору сармоягузори Тоҷикистону Чин бо ҳайатҳои давлатӣ иштирок намуданд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар доираи форуми мазкур санадҳои дахлдори ҳамкорӣ, аз ҷумла, сохтмони корхонаи бойгардонии маъдани оҳан дар кони «Шоҳқадамбулуқ», таъмин ва насби конструксияҳои сатҳи байналмилалӣ дар сохтмони варзишгоҳи шаҳри Душанбе барои 3000 ҷой нишаст, таъмини электромобилҳо барои хизматрасонии таксӣ дар шаҳри Душанбе, ҷудо намудани маблағҳо барои дастрас кардани техникаи махсус ва таҷҳизоти истеҳсолӣ, коркарди сангҳои ороишӣ дар конҳои ҳудуди ҷумҳурӣ, сохтмони маркази логистикӣ, сохтмони заводи металлургии « Талко Голд»  ва дигар лоиҳаҳо ба маблағи беш аз 6 миллиард сомонӣ ба имзо расонида шуд.

Форуми мазкур бо ташаббуси вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, саноат ва технолгияҳои нав ва дар  ҳамкорӣ бо Сафорати Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон баргузор шуд.


Зимни Форум раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Раҳимзода ба доираи сармоягузорони чинӣ оид ба вазъи ҳамкории ду мамлакат, сармоягузориҳои Ҷумҳурии Мардумии Чин ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод кард.

Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз шарикони стратегии Тоҷикистон мебошад ва саҳми Чин дар рушди иҷтимоию иқтисодӣ хусусан саҳми сармояи мустақими хориҷӣ дар саноатикунонии босуръати мамлакат, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ғанӣ гардонидани манбаъҳои даромади буҷети давлатӣ назаррас мебошад.

Феълан дар ҳудуди ҷумҳурӣ 600 ширкат бо сармояи оинномавии саҳми чинӣ фаъолият дошта, ҳаҷми сармояи чинӣ ба иқтисодиёти миллӣ дар даҳ соли охир беш аз 3,8 миллиард долларро ташкил додааст.

АКС: Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 22, 2024 11:11

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПОЧТА. «Почтаи Тоҷикистон» то соли 2030 ба маркази миллии логистика ва хизматрасониҳои рақамӣ табдил меёбад
Дар Тоҷикистон беш аз 300 тонна пилла истеҳсол гардидааст
Дар Душанбе масъалаи рушди технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи кӯдакон дар муҳити рақамӣ баррасӣ гардид
Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид