Дар Душанбе густариши ҳамкорӣ дар самтҳои техника ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Қобилҷон Хушвахтзода бо директори иҷроияи Маркази байналмилалии илмию техникӣ Дейвид Клив мулоқот намуд, ки дар он густариши ҳамкорӣ дар самтҳои техника ва таҳқиқоти илмӣ баррасӣ гардиданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар медиҳад.
Дар мулоқот Қобилҷон Хушвахтзода таъкид намуд, ки аз ҷониби олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон 7 лоиҳа омода шуда, ба Маркази байналмилалии илмию техникӣ ворид шудааст.
Дар доираи ин лоиҳаҳо ва дастгирии маъмурияти Маркази байналмилалии илмию техникӣ барои олимони Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон имкон пайдо мешавад, то дар соҳаи илм натиҷаҳои назаррасро ба даст оварда, соҳаи илмро дар сатҳи байналмилалӣ муррифӣ намоянд.
АКС: Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон








Намояндаи Тоҷикистон соҳиби ҷоизаи олии Фестивали байналмилалии «VIVA AZERBAIJAN» гардид
Дар Ҳиндустон нахустин форуми СҲШ баргузор шуд
Намоишномаи «Робиаи Балхӣ» дар Фестивали байналмилалии театрӣ дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Дар Душанбе даври ҷумҳуриявии озмуни «Библиомарафон» баргузор гардид
Дар Бохтар даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Ҳунарманди сол» баргузор шуд
Ҳунармандони тоҷик дар Фестивали сеюми ҷаҳонии фарҳангии Карочӣ иштирок намуданд
Китоби «Забони миллат — ҳастии миллат»-и Президенти Тоҷикистон бо нуҳ забони хориҷӣ тарҷума ва нашр карда шуд
Ҳамкории Осорхонаи миллӣ бо муассисаҳои соҳавии Ҷумҳурии Корея густариш меёбад
Дар шаҳри Хуҷанд Фестивали оши палав ҷамъбаст шуд
Беҳтарин китобҳои тозанашри Тоҷикистон дар намоишгоҳи байналмилалӣ пешниҳод гардид
Дар Қазон масъалаи баргузории Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар Тотористон баррасӣ гардид
Доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ конфронси байналмилалӣ баргузор мешавад






