Дар Душанбе оид ба ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ ҳамоиш доир шуд

Июнь 14, 2024 13:58

ДУШАНБЕ, 14.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Созмони байналмилалии муҳоҷират дар мавзуи «Ҳаракати аҳолӣ дар заминаи тағйирёбии иқлим дар минтақаҳои кӯҳӣ-далелҳо, камбудиҳо ва афзалият» чорабинии канорӣ баргузор намуд.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ хабар медиҳад, дар чорабинӣ намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалию минтақавӣ ва ҳайати мамлакатҳо, олимону коршиносони масоили обу иқлим иштирок намуданд. Иброз гардид, ки тағйирёбии иқлим ба раванди муҳоҷират дар миқёси ҷаҳон ва минтақа таъсири ҷиддӣ дошта, яке аз роҳҳои муассири коҳиш додани таъсири манфии он татбиқи амалии нақшаи мамлакатҳо дар самти мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ташаббусҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти об ва иқлим, татбиқи сиёсати мамлакат дар самти тағйирёбии иқлим ва нақшаи чорабиниҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ барои то соли 2040 ба «мамлакати сабз» табдил додани Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дод.

Дар чорабинӣ ҳайатҳо масъалаҳои ташаббусҳои ҷаҳонии Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», Соли 2025 – «Соли байналмилали ҳифзи пиряхҳо», «Панҷсолаи амал оид ба рушди минтақаҳои кӯҳӣ», омодагӣ ба Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим ва рафти татбиқи стратегияҳои миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар мамлакатҳои минтақа ва нақши онҳо дар танзими муҳоҷиратро баррасӣ намуданд.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 14, 2024 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон ба ҳайси раиси Мақомоти ёрирасон ҷиҳати татбиқи Конвенсияи СММ оид ба гуногунии биологӣ интихоб гардид
Моҳи майи соли 2027 Душанбе мизбони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ мегардад
Оид ба тадқиқоти пиряхҳо ва раванди гузаронидани корҳои экспедитсионӣ машварати илмӣ-назариявӣ доир гардид
Сафири Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб дар брифинги оид ба раванди омодагӣ ба Конфронси оби СММ-2026 иштирок намуд
Тоҷикистон то имрӯз ба 11 конвенсияи байналмилалии муҳитизистӣ ҳамроҳ шудааст
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
ҲИФЗИ ПИРЯХҲО. Коҳиши пиряхҳои ҳавзаи Зарафшон метавонад ба амнияти экологии Осиёи Марказӣ таъсир расонад
АЗ ДИПЛОМАТИЯИ ОБ ТО ДИПЛОМАТИЯИ ПИРЯХҲО. Андешаҳо оид ба ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон дар даврони истиқлолият
Сафири Тоҷикистон дар Австрия дар Симпозиуми байналмилалии об иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо иҷрокунандаи вазифаи муовини Дабири кулли ЮНЕСКО оид ба илмҳои табиӣ мулоқот намуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд: «Муттаҳидӣ ба хотири об: даъват ба амали дастҷамъӣ» иштирок намуд
Тоҷикистон дар Ню-Йорк ҳамоиши сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими устувории иқлим баргузор намуд