Дар Душанбе оид ба дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Тоҷикистон конференсия баргузор мешавад

Июнь 21, 2024 10:49

ДУШАНБЕ,21.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Аз 24 то 26 июн дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Дурнамои рушди энергетикаи барқароршаванда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» конференсияи минтақавӣ  баргузор мегардад, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи манбаъҳои барқароршавандаи энергияи Тоҷикистон аз созмондиҳандагони конференсияи  минтақавӣ мебошанд.

Мусоидат ба рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия, сарфаи энергия ва самаранокии энергия, инчунин муайян кардани механизми савдои фаромарзии барқ аз ҳадафҳои  асосии  конфронси минтақавӣ арзёбӣ мегардад.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 21, 2024 10:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон корҳои безараргардонӣ бар зидди малах идома доранд
Ба кормандони Хадамоти гумруки Тоҷикистон тақвияти чораҳои зиддикоррупсионӣ тавзеҳ дода шуд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 23 ҳазор гектар пунбадона кишт намудаанд
«ДОЛОНИ САБЗ». Роҳи «Данғара-Гулистон» дар доираи ин барнома навсозӣ карда мешавад
Дар Душанбе таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо БОР дар соҳаи обу энергетика баррасӣ шуд
Дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон саршумори бузи кӯҳии Морхӯр ба ҳисоб гирифта шуд
Марҳилаи дуюми лоиҳаи «Сохтмони шабакаҳои барқӣ дар деҳоти Ромит» оғоз гардид
Мубориза бо коррупсия омили калидии таҳкими давлатдории миллӣ аст
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Кишоварзони шаҳри Панҷакент дар 2500 гектар картошкаи барвақтӣ кишт менамоянд
Барои риоя накардани қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар минтақаи Рашт нисбат ба 13 нафар санад тартиб дода шуд
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Дар ноҳияи Вахш ҷамъоварии қулфинай оғоз гардид