Дар ноҳияи Восеъ Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдаконро хотирмон таҷлил намуданд

Июнь 1, 2024 12:00

ВОСЕЪ, 01.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил карда мешавад. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Баҳористон-Боғчаи №1”–и ноҳияи Восеъ бахшида ба ин рӯз барномаи фарҳангиву фароғатӣ баргузор гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.

Дар барнома сараввал ба кӯдакон аз тарафи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ туҳфаҳои идона тақдим шуда, таъкид гардид, ки бештар ба омӯзиш ва азхуднамоии илм машғул гарданд.

Гуфта шуд, ки дар Тоҷикистон кӯдакону наврасон таҳти ғамхории доимии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор доранд. Зеро Тоҷикистон тибқи Конститутсия давлати иҷтимоӣ буда, барои ҳифзи иҷтимоии кӯдакону наврасон, аз ҷумла кӯдакони ниёзманду камбизоати аҳолӣ вазифадор мебошад. Ҳамаи кӯдакони мамлакат узви соҳибҳуқуқи ҷомеаи мо буда, ба табобат, таҳсил ва фароғат ҳуқуқи комил доранд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри шароити мусоид фароҳам овардан барои наврасон тамоми тадбирҳои заруриро меандешад.

Аз ҷониби таълимгирандагони боғчаи “Баҳористон” саҳначаҳо ва барномаи ҷолиби фарҳангӣ пешкаши ҳозирин гардонида шуд. 

АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия Восеъ

Июнь 1, 2024 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст