Дар Ҷопон Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷлил гардид
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ чорабинӣ бо иштироки шаҳрвандони муқими кишвари иқомат баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон хабар медиҳад.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон ҳозиринро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, иброз дошт, ки маҳз бо заҳмату талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ дар ҷумҳурӣ таъмин гардидааст ва корҳои созандагию бунёдкорӣ дар ҷумҳурӣ идома доранд.
Дар ҷамъомад инчунин аз нақш ва мақоми ҷавонон дар ҳаёти иқтисодию иҷтимоии ҷумҳуриамон ёдовар гардида, ҳамватанон даъват шуданд, ки ба донишомӯзӣ, корҳои илмию тадқиқотӣ, ихтироъкорӣ ва муаррифии таъриху фарҳанги ғании мамлакатамон дар хориҷа таваҷҷуҳи бештар диҳанд.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд






