Дар шаҳри Хоруғ маркази савдои «Надим-24» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт

Июнь 16, 2024 18:18

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғи Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар доираи дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон барои босифат ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба аҳолӣ маркази савдои «Надим-24» мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ.

Зимни ифтитоҳи маркази мазкур  Раиси шаҳри Хоруғ Ризо Назарзода иброз намуд, ки маҳз бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати ҷумҳурӣ  дар тамоми манотиқи мамлакат, аз ҷумла Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон корҳои ободонию созандагӣ бомаром идома дошта, силсилаиншооти муҳими иқтисодӣ,  иҷтимоӣ бунёд мешаванд.

Таъкид карда шуд, ки ин  ободкориҳо ба сазовор таҷлил намудани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардида, ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоиди зиндагонӣ барои сокинон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷоияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хоруғ

Июнь 16, 2024 18:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи дару тирезаҳои алюминӣ ва пластикии ҶДММ «Тамдид»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо 6 лоиҳаи нави истеҳсолӣ, логистикӣ ва иҷтимоӣ дар шаҳри Душанбе шинос шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи «Разес Фарма»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бинои нави Маркази аутизми шаҳри Душанберо мавриди истифода қарор доданд
Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Дар шаҳри Ваҳдат бунгоҳҳои тиббӣ ба истифода дода шуданд
«БАРНОМАИ РУШДИ МИНТАҚАИ САЙЁҲИИ РОҒУН». Дар доираи амали он роҳҳо мумфарш, хатсайрҳои сайёҳӣ зиёд ва инфрасохтори хизматрасонӣ беҳтар карда шуд
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд