Дар шаҳри Норак заминҳои наздиҳавлигӣ самаранок истифода бурда мешаванд
НОРАК, 04.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Норак сокинон ҳар қитъаи заминро самаранок ва мувофиқи мақсад истифода мебаранд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, тибқи нақшаи чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак оид ба баргузории корҳои тарғиботӣ дар самти истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ масъулини Кумитаи иҷроияи шаҳрӣ бо ҷараёни кишти заминҳои наздиҳавлигӣ шинос шуданд.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид менамоянд, ки «мо бояд маданияти заминдориро ба таври қатъӣ баланд бардорем, яъне муносибати худро нисбат ба замин, об ва дигар захираҳои табиии мамлакатамон куллан тағйир диҳем, ба холӣ мондани заминҳои корам роҳ надиҳем, аз қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ самаранок истифода карда, аз заминҳои обӣ гирифтани се ва ҳатто чор ҳосил, яъне кишти такрориро васеъ ҷорӣ кунем ва ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намоем».
Бояд гуфт, ки сокинони маҳаллаи Энергетики шаҳри Норак маротибаи дуюм аст, ки аз замини назди биноҳои истиқоматиашон ҳосил мегиранд. Дар ин қитъа баъди ғундоштани картошка бодиринг, помидор ва ҷуворимакка кишт шуд. Тавре ба мушоҳида мерасад, аз ин қитъа ҳосили хуб ба даст овардан мумкин аст.
Ин иқдоми пешгирифтаи сокинони маҳалла саривақтӣ буда, нишони самаранок ва оқилона истифода бурдани замин мебошад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Донишгоҳи технологӣ нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 40 дараҷа гарм мешавад
ХОРУҒ — БОҒШАҲРЕ ДАР ЛАБИ ДАРЁ. Тавсифи ин шаҳр аз нигоҳи Константин Симонов
«МЕРОСИ МО». Муассисаи фарҳангии ЭКО нахустин ҷашнвораи байналмилалии аксбардории мобилӣ баргузор менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад
Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамкории байналмилалиро бо муассисаҳои хориҷӣ густариш медиҳад






