Дар вилояти Хатлон то охири моҳи май беш аз 68 ҳазор тонна гандум ҷамъоварӣ гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. То охири моҳи майи имсол кишоварзони вилояти Хатлон 68 ҳазору 597 тонна гандум ҷамъоварӣ намудаанд, ки ин рақам соли 2023 72 ҳазору 367 тоннаро ташкил медод. Дар хусус ба АМИТ «Ховар» дар хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки имсол дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят 16 ҳазору 437 гектар гандум кишт гардида буд, ки нисбат ба соли 2023 1 ҳазору 223 гектар кам кишт шудааст. Ҷамъоварии гандум дар вилоят то охири моҳи июл идома меёбад.
Ба гуфти мутахассисон, гандум зироати обталаб аст. Яке аз навъҳои муҳимтарини зироати хӯрокворӣ- ин гандум мебошад. Дони гандум серғизо ва серкаллория буда, захираи он то ду сол нигоҳ дошта мешавад. Дар таркиби дони гандум ба миқдори зиёд сафеда, ангиштоб, равған, намакҳои минералӣ, витамину ферментҳо ва ғайраҳо мавҷуд мебошанд.
Бинобар ин, аз заминҳои обӣ ду ҳосили фаровони он рӯёнида мешавад. Барои нашъунамои хуби гандум хоки ҳосилхез зарур аст. Дар ҷумҳурӣ бештар гандуми мулоим ва гандуми сахт парвариш карда мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»






