Даврон Сафарзода: «Олимони тоҷик минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат саҳм гузоранд»

Июнь 16, 2024 11:07

ДУШАНБЕ, 16.06.2024 /АМИТ «Ховар»/.  30 май дар Кохи Ваҳдат Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ мулоқот намуданд. Зимни суханронӣ Сарвари давлат натиҷаҳои кори олимонро дар солҳои соҳибистиқлолӣ таҳлили амиқ намуда, барои дарёфти роҳҳои ба талаботи замон ҷавобгӯ намудани илми ватанӣ ва хизмати он дар роҳи рушду пешрафти давлат дар назди Ҳукумати мамлакат ва сохторҳои марбута вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Дар ҳошияи суханронии Президенти ҷумҳурӣ ректори Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Даврон Сафарзода чунин ибрози назар намуд:

— Дар раванди ташаккул ва инкишофи ҷомеаҳои навин нақш ва мақоми олимону донишмандон ҷойгоҳи хосса касб мекунад. Дар заминаи Истиқлоли давлатӣ ва сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи мамлакат рушду инкишоф ёфта, олимони ватанӣ ба дастовардҳои зиёди илмӣ ноил гардиданд.

Шарҳи муфассали раванди корҳои илмӣ — таҳқиқотии олимони ватанӣ ва тадбирҳои андешидаи давлат ва Ҳукумати мамлакат дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати корҳои илмию таҳқиқотӣ зимни вохӯрии пурмуҳтавои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи ҷумҳурӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуда, дурнамои рушди соҳа муайян гардид.

Мулоқоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барномаи муайяннамоии марҳилаи нави рушди соҳаи маорифи ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани иқтидори кадрӣ ба ҳисоб меравад.

Ҷомеа вобаста ба раванди ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ба неруи зеҳнӣ эҳтиёҷ дошта, ояндасозиро маҳз тавассути натиҷаҳои корҳои илмӣ, ки аз тарафи олимону муҳаққиқон муайян карда мешаванд, пешбинӣ ва дар амал татбиқ менамояд.

Мақому манзалати илми тоҷик дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дошта, вазъи иҷтимоии олимону муҳаққиқон давра ба давра беҳтар мегардад. Тавре Пешвои муаззами миллат иброз доштанд: «Мо мақому манзалати илм, олимону донишмандон, аҳли маориф ва зиёиёни эҷодкорро дар ҷомеа аз нигоҳи иҷтимоӣ, маънавӣ ва молиявӣ давра ба давра баланд бардоштем».

Иқдоми Сарвари давлат бо мақсади баланд бардоштани мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ва фароҳам овардани шароити мусоид барои аз нигоҳи илмӣ баҳо додани масъалаҳои муҳимми ҳаёти ҷамъиятӣ, ихтироъкорӣ ва истифодаи самараноки дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот мебошанд. Барои расидан бо ҳадафҳои рушди давлатдории миллӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, гиромидошти фарҳанг ва таърихи пурғановати миллати тоҷик бояд аҳли зиёи мамлакат бештар назари воқеии ватандӯстонаро аз лиҳози илмӣ мавриди таҳқиқ қарор дода, роҳу усулҳои манфиатоварро низ дар мафкураи насли ҷавони мамлакат ҷой диҳад. Пешвои миллат дар суханрониашон таъкид намуданд, ки «дар ҷаҳони муосир танҳо мамлакатҳое метавонанд ҳастии худро ҳифз карда, рушд ёбанд, ки шаҳрвандонашон дорои сатҳи баланди саводнокӣ ва маърифату фарҳанг, илмдӯсту донишманд ва соҳибҳунар бошанд».

Бо шарофати Истиқлоли давлатӣ мақому манзалати илм вобаста ба инкишофи ҳаёти ҷамъиятӣ баланд бардошта шудааст. Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ, бо фароҳам омадани фазои мусоид барои ташаккул ва рушди соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан илм аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ қабул гардиданд, ки онҳо сиёсати давлатиро баҳри инкишофи ҳамаҷонибаи илм муайян мекунанд.

Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи илм ва сиёсати давлатии илмӣ-техникӣ», «Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Шурои ҳамоҳангсозии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, техникӣ, тиббӣ, гуманитарӣ ва ҷамъиятшиносӣ», «Дар бораи таъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-омӯзгории тахассуси олӣ», «Дар бораи Консепсияи сиёсати давлатии илмӣ-техникии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи тартиби аккредитатсияи давлатии ташкилоти илмӣ», «Дар бораи тасдиқи Барномаи рушди илмҳои дақиқ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008», «Дар бораи фаъолияти Академияи илмҳои Тоҷикистон» ва дигар барномаю стратегияҳои соҳавӣ ба пешрафти илмӣ тоҷик заминаи меъёрию ҳуқуқӣ фароҳам оварданд.

Бояд гуфт, ки раванди муваффақона ва воқеии корҳои илмии олимон танҳо таъмини донишҷӯён бо маводи таълимию методӣ набуда, балки аҳамияти илм ба такмили муносибатҳои ҳуқуқию ҷамъиятӣ алоқамандии бештар дорад. Дар замони муосир таҳдиду хатарҳое ҷой доранд, ки сарчашмаи асосии онҳоро нодонӣ, гумроҳӣ ва бесаводӣ ташкил медиҳанд. Масалан, ташкил ва ба роҳ мондани амалҳои террористӣ, паҳн намудани ахбори ғаразнок, туҳмату буҳтонҳо, ки аз ҷониби баъзе гурӯҳҳои нотавонбину манфиатҷӯй амалӣ карда мешаванд, бе таҳлилҳои илмӣ доир шуда, асосашон ҷаҳолату нодонӣ аст.

Идеологияи миллӣ ва таъсири илм дар ташаккул ва инкишофи ҳадафҳои стратегии давлат бо назардошти фароҳам овардани шароити мусоиди кору зиндагӣ метавонанд садди роҳи ҳама нокомиҳо гарданд.

Бо мақсади дар амал татбиқ намудани ҳадафҳои давлат ва нақши олимон дар пешбурди сиёсати давлатӣ Пешвои муаззами миллат чунин ибрози андеша намуданд: «Олимони мо минбаъд низ бояд барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат, таъмини рушди босуботи мамлакат, пешрафти соҳаҳои мухталифи он, хусусан, ташкили корхонаҳои истеҳсолӣ, таъсиси ҷойи кор, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва паст кардани шиддати муҳоҷирати меҳнатӣ саҳм гузоранд».

Имрӯзҳо дар фазои истиқлолу озодӣ олимону зиёиёни мамлакат мавзуъҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятиро ба риштаи таҳқиқ кашида, раванди мазкур дар замони Истиқлоли давлатӣ ва фароҳам овардани шароити мусоиди илмию эҷодӣ вусъати тоза пайдо намуд. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқоташон бо доираи васеи олимон ва аҳли зиёи мамлакат дастовардҳои илмии олимони ватаниро натиҷаи Истиқлоли давлатӣ арзёбӣ намуда, чунин иброз намуданд: «Истиқлоли давлатӣ шароит фароҳам овард, ки таҳқиқи илмии дастовардҳои моддиву маънавӣ, мероси фарҳангӣ ва таърихи куҳанбунёди тоҷикон вусъати бесобиқа пайдо карда, миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун миллати тамаддунсозу фарҳангсолор, эҷодкору илмпарвар ва шаҳрсозу шаҳрнишин муаррифӣ гардад».

Агар мо мақому манзалати илмро дар муносибатҳои байналмилалии Тоҷикистон мавриди таҳлил қарор диҳем, якчанд  дастовардҳои сиёсию иқтисодиро мисол овардан мумкин аст. Ташаббусҳои Тоҷикистон вобаста ба масъалаи обу иқлим, маҳкум намудани амалҳои террористӣ, пешгирӣ кардани гардиши маводи мухаддир ва дигар омилҳои хатарзо, ки ба рушди давлатдорӣ ҳамчун таҳдид муайян карда шудаанд, на ин ки дар раванди сиёсати дохилӣ, балки тавассути баромадҳои илман асоснокшудаи Роҳбари сиёсии мамлакат дар созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ мавриди пуштибонӣ ва дастгирӣ қарор дода мешаванд. Пешвои миллат зимни вохӯриашон чунин ибрози назар намуданд: «Қобили зикри хос аст, ки дар ин давра як силсила ташаббусҳои Тоҷикистон марбут ба ҳалли масъалаҳои глобалии обу иқлим аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, доир ба амалӣ намудани онҳо қатъномаҳои дахлдори Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардиданд».

Фазои орому осуда, соҳибистиқлолӣ ва ваҳдати саросарӣ бо роҳнамоиҳои бемисли Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имкон фароҳам меоварад, ки олимони ҷавон дар пайравӣ ба гузаштагони бузургашон дар таҳқиқи мавзуъҳои мухталифи ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷомеа бо диду назари тоза фаъолият намуда, дар рушди давлатдори миллӣ саҳм гузоранд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 16, 2024 11:07

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ БОНКҲО. Бонки миллии Тоҷикистон дар таъмини рушди иқтисодиёти миллӣ нақши назаррас дорад
ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОӢ ВА НАВРАСОН. Дар ин фазо кӣ ва ё чиро мебояд назорат кард?
Дар Тоҷикистон корҳои омодагӣ ба Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» идома доранд
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон «Барномаи миллии тавонбахшии маъюбон барои солҳои 2017-2025» татбиқ мегардад
«Олимпиада»-ҳои тиҷоратӣ. Дар интихоби онҳо эҳтиёткор бошед!
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ ОИЛА. Он барои таҳким бахшидани пояҳои оиладорӣ таҳия гардидааст
Имсол 3168 хатмкунандаи равияи омӯзгорӣ ба муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии Тоҷикистон ҷалб гардид
Маркази захиравӣ оид ба манбаъҳои барқароршавандаи энергия ифтитоҳ шуд
Тоҷикистон соли 2025 мизбони Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳои Созмони Милали Муттаҳид мегардад
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо Институти стратегияи рушди илму технология ва Донишгоҳи технологии Чендуи Чин баррасӣ шуд
«Стратегияи рушди такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф барои давраи то соли 2030» тасдиқ гардид
Магистранти Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Олимпиадаи байналмилалии Туркманистон сазовори ҷойи сеюм гардид