Эмомалӣ Раҳмон: «Дар чанд даҳсолаи охир ҳазор пирях дар Тоҷикистон пурра об шуд»
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 11 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба дигар масъалаи рӯзмарра, яъне мушкилоти пиряхҳо, ки яке аз сарчашмаҳои асосии оби тоза мебошанд, ҷалб намуданд.
Сарвари давлат таъкид карданд, ки дар баробари афзоиши бесобиқаи талабот ба об, ки ба зиёдшавии аҳолӣ ва рушди иқтисод вобаста мебошад, обшавии босуръати пиряхҳо ва коҳиши захираҳои онҳо боиси нигаронии амиқи ҷомеаи ҷаҳонӣ гардидааст.
«Ин раванд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баръало мушоҳида мегардад. Дар чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи кишвари мо, ки манбаи асосии ташаккул ёфтани то 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказиро ташкил медиҳад, як ҳазор адади он пурра об шудааст», — изҳори нигаронӣ намуданд Пешвои миллат.
Ҳол он ки Тоҷикистон кишвари саноатӣ набуда, ҳиссаи он дар ҳаҷми умумии партовҳои гулхонаӣ ночиз аст.
Маҳз ба ҳамин хотир ташаббуси Тоҷикистон оид ба эълон кардани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо дастгирии ҳамаҷониба ёфт ва тибқи қатъномаи дахлдори Маҷмаи Умумӣ, аз соли оянда сар карда, 21 март ҳамасола ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҷашн гирифта мешавад.
АКС: АМИТ «Ховар»








Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд






