ФОРУМИ КӮДАКОН ВА ҶАВОНОН ОИД БА ОБ ВА ИҚЛИМ. Октавиан Бивол: «Обшавии босуръати пиряхҳои Осиёи Марказӣ ба ҳаёти 25 миллион кӯдак хатар дорад»

Июнь 11, 2024 07:32

ДУШАНБЕ, 11.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Тоҷикистон чанде пеш дар сатҳи ҷавонон Қатънома оид ба иқлимро ба имзо расонид, ки ин раванд ба баланд бардоштани некӯаҳволии кӯдакон ва ҷавонон дар сатҳи миллӣ равона шудааст», — гуфт муовини директори минтақавии ЮНИСЕФ Октавиан Бивол зимни Форуми кӯдакон ва ҷавонон оид ба об ва иқлим, ки 10 июн дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе баргузор шуд. Форуми мазкур дар ҳошияи Конфронси байналмилалии оби Душанбе ба муносибати Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир гардид.

То давраи соли 2030 нисфи аҳолии сайёраи Замин бинобар равандҳои ба об вобаста ба ҳолати изтироб ва хатарнок гирифтор мешаванд. Масъалаҳои бехатарии об, беҳдошт, тағйироти иқлим таъсири худро бештар аз ҳама ба кӯдакон мерасонанд. Ба пиряхҳои Осиёи Марказӣ таваҷҷуҳи хосса мебояд зоҳир кард, зеро обшавии босуръати онҳо равиши дарёҳоро иваз карда, боиси сар задани офатҳои табиӣ мешавад. Ин дар навбати худ барои 25 миллион кӯдаконе, ки дар Осиёи Марказӣ зиндагӣ мекунанд, хатар меорад.

Октавиан Бивол изҳор кард, ки Тоҷикистон минбаре аст, ки аз он ба гӯши аҳли сайёра оид ба мушкилоти обу иқлим ва мутобиқшавӣ ба тағйирот садои сокинони Тоҷикистон расонида мешавад. Масъалаи рушду инкишофи кӯдакон ва ҷавонон дар Тоҷикистон давра ба давра амалӣ карда мешавад. Ҳамоишҳои байналмилалӣ, ки имрӯзҳо дар Душанбе гузаронида мешаванд, воқеан ҳам муҳим ва хеле илҳомбахш мебошанд.

Ҳайати ҷавонон аз кишварҳои гуногун, меҳмонон аз Шоҳигарии Нидерланд, Иттиҳоди Аврупо, Департаменти федералии корҳои хориҷии Швейтсария, намояндагони созмонҳои бонуфузи ҷаҳонӣ USAID, UNIFY, ки барои иштирок дар кори Конфронси байналмилалии Душанбе ба Тоҷикистон омадаанд, дар ҳамоишҳои мавзуӣ оид ба масъалаҳои об ва иқлим, иштироки ҷавонон дар ҳалли ин мушкилот, имконият ва роҳҳои беҳтар намудани ҳамкорӣ маърузаҳо пешниҳод мекунанд, дар заминаи таҳлилҳои илмӣ хулосабарориҳо намуда, роҳҳои расидан ба Ҳадафҳои Рушди Устуворро пешниҳод месозанд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 11, 2024 07:32

Хабарҳои дигари ин бахш

«ТУҲФА БА МОДАР». Сарбозон бо дастовез ба назди модарон мераванд
РӮЗИ МОДАР — ИСФАНДОРҶАШНИ НИЁГОН. Тоҷикон аз замонҳои қадим арзишҳои фарҳангиро ҳифз намуда, аз насл ба насл интиқол додаанд
МОДАР — АВВАЛИН УСТОД. Дар аллаи ӯ як ҷаҳон меҳру муҳаббат ва орзую ормон нуҳуфтааст
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо иштироки зиёда аз 700 нафар фаъолзанон барномаи бошукуҳи идона доир гардид
МАНЗАЛАТИ ЗАН ДАР ТОҶИКИСТОН БАЛАНД АСТ. Андешаҳо оид ба нақши занон дар таҳкими Истиқлолияти давлатӣ
Дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ҷойгоҳи зан дар ҷомеа ва нақши оила дар таҳкими арзишҳои иҷтимоӣ баррасӣ гардид
ЗИНДАГӢ АЗ МОДАР САРЧАШМА МЕГИРАД. Дар ноҳияи Фирдавсӣ чорабинии сиёсӣ — фарҳангӣ доир гардид
«ҲИКМАТИ МОДАР». Бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Зан – Модар иқдоми ҷумҳуриявӣ оғоз гардид
Дар Душанбе ҳамоиши «Занону модарони тоҷик- нигини пурҷилои тоҷи миллат» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон ҳавои моҳи аввали фасли баҳор чӣ гуна мешавад?
Наврӯз дар Тоҷикистон 20 март фаро мерасад
НАҚШИ ЗАНОН ДАР ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Барномаи сиёсӣ-фарҳангии аъзои ҳизби пойтахт баргузор гардид