ИЛМ АҲЛИ ЗИЁРО БА СӮИ ДАСТОВАРДҲОИ БЕНАЗИР РАҲНАМОӢ МЕНАМОЯД. Андешаҳо дар ҳошияи мулоқоти Президенти Тоҷикистон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат

Июнь 17, 2024 12:01

ДУШАНБЕ, 17.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Аз суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат бармеояд, ки маҳз илм қодир аст ҷомеаро аз хилвати тамаддуни муосир раҳоӣ бахшида, аҳли зиёро ба сӯи дастовардҳои беназири илмию эҷодӣ раҳнамун гардад ва Тоҷикистонро дар радифи кишварҳои мутараққии олам қарор диҳад. Барои расидан ба чунин мақому манзалат ҳар муҳаққиқи тоҷик бояд бо заҳмату талошҳои пайваста, ҳисси баланди ватандӯстию масъулиятшиносӣ ба пажуҳишҳое пардозад, ки илми тоҷик ва Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ карда тавонанд. Чунин иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» декани факултети китобдорӣ ва иттилоотшиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода   Зафари Шариф.

 Зафари Шариф иброз намуд, ки асри XXI асри суръат, ҳамгироӣ ва глобализатсия, асри рушди бесобиқаи технологияҳои инноватсионӣ дар соҳаҳои гуногуни илму техника ва технологияҳои пешрафтаи иттилоотию телекоммуникатсионӣ ба шумор меравад. Тамоми дастовардҳое, ки инсоният давоми таърихи хеш ба онҳо ноил гардидааст, ба илм ва тафаккури илмӣ робитаи мустақим доранд. Дар оғози асри нав кашфиёти бузургу оламшумуле ба вуқуъ пайвастанд, ки қодир ҳастанд ба рушди оядаи башарият ҳам таъсири мусбат ва ҳам манфӣ расонанд. Дар ин росто метавон аз ривоҷу равнақи бемисли соҳаи индустрияи наносистемаву мавод, биотехнология, зеҳни сунъӣ ва низомҳои иттилоотию коммуникатсионӣ ёдовар шуд. Беҳуда нест, ки Созмони Милали Муттаҳид ба таври расмӣ биотехнологияро технологияи асри XXI арзёбӣ кардааст.

“Дар соҳаи илмҳои гуманитарӣ ва ҷомеашиносӣ низ равандҳои муҳим ба вуқуъ пайваста, муҳаққиқон аз паси ҷустуҷӯи тамоюлҳои нави ҷаҳонфаҳмӣ, ки аз ҷаҳонбинии тамаддуни техногенӣ фарқ доранд, пардохтаанд. Олимон боварӣ доранд, ки ормону андеша ва таҳқиқоти нав ҳаёти осоишта, суботи ҷомеа ва пешрафти инсониятро таъмин менамоянд”, — гуфт ӯ.

Таъкид гардид, ки бо дарки муҳиммияти ҷойгоҳи илм дар таърихи башарият ва нақши калидии он барои имрӯзу ояндаи ҷомеаи тоҷик 30 майи соли 2024 мулоқоти навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маорифи мамлакат баргузор гардид, ки он дар таърихи муосири миллати тоҷик ва рушди илми ватанӣ ҷойгоҳи махсус дошта, онро аз ҷиҳати стратегӣ метавон ҳамчун санади муҳими консептуалӣ дар соҳаи илму маориф арзёбӣ кард.

Зимни суханронӣ Пешвои миллат сараввал аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маорифу фарҳанг дар солҳои соҳибистиқлолӣ ёдовар шуда, изҳор намуданд, ки ҳатто дар лаҳзаҳои ҳассосу мураккаби даврони соҳибистиқлолӣ роҳбарияти давлат, новобаста аз мушкилоти мавҷуда пешрафти илмро омили муҳими тараққиёти мамлакат дониста, барои рушду нумуи он тадбирҳои таъхирнопазир ва саривақтӣ андешид.

Вале новобаста аз ғамхорӣ ва дастгириҳои доимии давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иброз намуданд Пешвои миллат, «имрӯз саҳми илми ватанӣ дар маҷмуи маҳсулоти дохилии мамлакат ҳамагӣ 0,1 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондиҳанда умуман конеъкунанда нест. Аз ин рӯ, Ҳукумати мамлакат вазифадор аст фаъолияти самарабахши соҳаи илмро талаб намояд ва иҷрои чорабиниҳои бо ин мақсад равонашударо таҳти назорати қатъӣ қарор диҳад».

Таҳлилҳои амиқи Сарвари давлат аҳли илму маорифи мамлакат, махсусан Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академияҳои соҳавӣ ва кафедраҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбиро водор менамоянд, ки барои ба муҳаррики тавонои истеҳсолот табдил додани илму техника ва зина ба зина баланд бардоштани саҳми илм дар маҷмуи маҳсулоти дохилии кишвар тадбирҳои таъхирнопазиру саривақтӣ андешанд.

“Тавре ки аз суханронии Пешвои миллат бармеояд, дар ин самт қабл аз ҳама, бояд сохтори Академияи миллии илмҳо таҷдид ёбад, комиссияи босалоҳият фаъолияти он ва Академияи илмҳои кишварзиро ҳамаҷониба таҳлил намуда, роҳҳои кам кардани хароҷот барои нигоҳдории таҷҳизоти кӯҳнаву нолозимро муайян карда, дар ин замина озмоишгоҳҳоро бо технологияҳои муосир муҷаҳҳаз гардонанд”, -ибрози назар намуд Зафари Шариф.

Ба андешаи доктори кафедраи китобхонашиносӣ ва библиографишиносии Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Точикистон Шариф Наботов, тамоми дастуру ҳидоятҳои Президенти Тоҷикистон дар самти илму маориф маҳз ба як мақсад — баланд бардоштани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ равона шудаанд.

Тавре ки зимни суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо аҳли илм ва маорифи мамлакат таъкид гардид, «таҳия нашудани санади дахлдор оид ба меъёрҳои арзёбӣ кардани самаранокии фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва кормандони онҳо яке аз сабабҳои ин ҳолати нигаронкунанда маҳсуб мешавад. Бинобар ин, Вазорати маориф ва илм, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Академияи илмҳои кишоварзӣ, Комиссияи олии аттестатсионӣ ва дигар сохторҳои марбута вазифадор карда мешаванд, ки бо таъсиси гурӯҳи корӣ дар муҳлати се моҳ доир ба ин масъала пешниҳоди мушаххас манзур намоянд».

“Бояд таъкид намуд, ки дар тамоми суханрониҳои Пешвои миллат оид ба рушди илм пайваста омилҳои муҳими он таъкид мешаванд. Ба андешаи Пешвои хирадманди миллат, барои он ки дар мамлакат рушду нумуи илму техника таъмин гардад, пеш аз ҳама, муҳаққиқ бояд ҳавасманд бошад, натиҷаи заҳмати ӯ қадрдонӣ шавад, дар муҳити эҷоди илмӣ бояд рақобати озоду солим ва беғараз муҳайё ва пажуҳишгар дар раванди эҷоди илмӣ поквиҷдонию масъулиятшиносӣ зоҳир намояд. Дар заминаи ҳамбастагии ин омилҳо метавон илмро ба неруи тавонои истеҳсолкунанда ва муҳаррики муқтадири пешрафти ҷомеа табдил дод”,- иброз дошт мутахассиси соҳаи китобшиносӣ Шариф Наботов.

Хотирнишон месозем, ки давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз оғози даврони соҳибистиқлолӣ то имрӯз дар масоили таълиму тарбияи ҷавонон пайваста тадбирҳо андешида, соҳаи китобдориро, ки раванди идораи маърифати ҷомеаро танзим менамояд, ба сифати яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати худ пазируфтааст. Дар ин давра ба раванди омода намудани олимони ҷавон вобаста ба талаботи соҳаҳои гуногуни мамлакат таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, барои дастгирии ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманд тадбирҳои муассир андешида шудаанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 17, 2024 12:01

Хабарҳои дигари ин бахш

ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд
ИҚТИСОДИ «САБЗ». Намояндаи Ироқ Ҳотам Ҳусейн: «Шумораи зиёди электромобилҳо дар Душанбе аз тадбирҳои тоза нигоҳ доштани муҳити зист дарак медиҳад»
«ТОҶИКИСТОНРО ЧУН БИҲИШТИ РӮИ ЗАМИН ДАРЁФТЕМ». Бардошти меҳмонон пас аз шиносоӣ бо сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун»
Сарвазири Ҷумҳурии Габон Раймон Сима ба захираҳои бузурги обии Тоҷикистон баҳои баланд дод
Меҳмон аз Буркино Фасои Африқо Диало Блами: «Орзуи бо дӯстонам дубора ба Тоҷикистон омаданро дорам»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Хабарнигор аз Африқо Омва Баблин: «Тоҷикистон дар раванди ҳалли мушкилоти обу иқлим саҳми арзанда гузоштааст»
ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ. Андешаҳои иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар ин хусус
Директори идоракунӣ ва банақшагирии Девони вазирони Замбия Йенгве Какуса: «Мафтуни табиати зебою нотакрори Тоҷикистон гаштам»
«БАРНОМАИ РУШДИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ БАРОИ СОЛҲОИ 2020-2030». Давоми чор соли фаъолияти он кадом натиҷаҳо ба даст омаданд ва чӣ мушкилот дар ин самт мавҷуд аст?