Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад
ДУШАНБЕ, 28.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Эрон интихоботи пешазмуҳлати президентӣ баргузор мешавад. Участкаҳои интихоботӣ соати 08:00 ба вақти маҳаллӣ кушода шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба АЗЕРТАҶ хабар медиҳад.
Дар интихобот чор номзад, аз ҷумла Раиси парлумон Муҳаммадбоқир Қолибоф, намояндаи пешвои руҳонӣ дар Шурои амният Сайид Ҷалилӣ, собиқ вазири корҳои дохилӣ ва адлия Мустафо Пурмуҳаммадӣ ва собиқ вазири тандурустӣ Масъуд Пизишкиён иштирок менамоянд
Овоздиҳӣ ҳам дар дохил ва ҳам дар хориҷи Эрон баргузор мешавад. Дар қаламрави Эрон тақрибан 60 ҳазор участкаи интихоботӣ ва 90 ҳазор нуқтаи овоздиҳӣ фаъолият менамояд. Тақрибан 344 участка барои эрониҳое, ки берун аз Эрон қарор доранд, фаъолият хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ки 19 май дар вилояти Озарбойҷони Шарқӣ дар шимоли Эрон чархболи Раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон Сайид Иброҳим Раисӣ суқут кард. Ӯро вазири корҳои хориҷӣ Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён ва як қатор ходимони давлатии Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳамроҳӣ мекарданд. Ҳамаи мусофирон ва аъзои ҳайати сарнишинони чархбол ба ҳалокат расиданд. Аз ин рӯ, интихоботи 14-уми президентии имрӯза интихоботи ғайринавбатӣ мебошад.
АКС аз манбаъҳои боз








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






