Корҳои сохтмонӣ дар бинои асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» вусъат меёбанд
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Раванди корҳои сохтмонӣ дар иншооти асосии Неругоҳи барқи обии «Себзор» дар ноҳияи Роштқалъа дар авҷ буда, ҳоло 120 муҳандису сохтмончии ватанию хориҷӣ дар он кор мекунанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Корҳои бунёдии неругоҳи мазкур ба зиммаи сохтмончиёни Ҷамъияти саҳомии шакли кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» вогузор шуда, аз аввали фасли баҳор вусъати тоза гирифтааст.
Барои бунёди сарбанди неругоҳ то имрӯз зиёда аз 20 миллион сомонӣ сарф шуда, корҳои сохтмонӣ дар ду баст, бо истифодаи 50 техникаи пуриқтидор пеш рафта истодааст.
Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки дар дарёи Шоҳдараи ноҳияи Роштқалъа сохта мешавад, аз 3 агрегат иборат буда, дар ҳолати пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 11 мегаватт неруи барқ тавлид мегардад.
Сарбанди неругоҳ бо баландии 8,5 ва дарозии 65 метр бунёд гардида, ғунҷоиши обанбори он 250 ҳазор метри мукааб хоҳад буд.
Мутобиқи иттилои мутахассисон, бунёди неругоҳ дар ин мавзеъ бесабаб нест, зеро суръати ҳаракати об дар ин мавзеъ нисбатан тезтар буда, дар фасли зимистон ях намекунад ва барои ба ҳаракат даровардани агрегатҳо хеле мувофиқ аст.
Интизор меравад, ки неругоҳ барои беҳтар намудани таъминоти неруи барқ дар қаламрави Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва барои саноатикунонӣ дар минтақа, ки ҳадафи чоруми Ҳукумати Тоҷикистон арзёбӣ шудааст, мусоидат менамояд.
АКС аз манбаъҳои боз








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






