Коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев: «Дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд олимон ва коршиносони ҷаҳон доир ба нақши меҳварии об дар рушди устувор сухан мегуянд»

Июнь 9, 2024 10:00

ДУШАНБЕ, 09.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Агар ҳадафҳои баргузории Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»-ро аз нигоҳи арзишҳои илмӣ муаррифӣ намоем, ин боз ҳам ташаккул додани маърифати экологии аҳолӣ мебошад. Олимон дар ин конфронс нуқтаву назари худро дар асоси далелҳои мушаххаси илмӣ баён мекунанд, ки ин имкон медиҳад, то мо сиёсати кишварамонро, ки давлати ташаббускор ҳастем, мавриди омӯзиш қарор дода, дурнамои сиёсати экологии байналмилалиро дар шаҳри Душанбе амалӣ намоем. Чунин изҳор медорад коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев дар робита ба баргузории конфронси дарпешистода.

Ёдовар мешавем, ки аз 10 то 13 июни имсол дар шаҳри Душанбе дар доираи «Раванди оби Душанбе» Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад. Раванди оби Душанбе бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии татбиқи ҳадафҳои Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» тавассути баргузории силсилаконфронсҳо ҳар ду сол як маротиба аз ҷониби Тоҷикистон дар ҳамкории зич бо Созмони Милали Муттаҳид гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи Ҳасан Асоев, ба хотири он ки конфронс дар доираи Ҳадафҳои рушди ҳазорсола- гузаштан ба рушди устувор ташкил мешавад, мақому манзалати он, пеш аз ҳама, самтҳои ноилшавии сатҳҳои гуногуни ҷомеаи ҷаҳонро аз сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ то расидан ба рушди устувор нишон медиҳад.

«Боварӣ дорам, ки дар ин конфронс олимон ва коршиносон аз дидгоҳҳои гуногун нақши меҳварии обро дар рушди устувор нишон медиҳанд. Ҷолиб ин аст, ки вобаста ба ин масоил имрӯз таҳлилҳои  илмӣ нишон медиҳанд, ки бештар аз 2 миллиард аҳолии кураи Замин ба оби нӯшокӣ дастрасӣ надоранд. Ҳамзамон бояд гуфт, ки бе дастрасӣ ба об гузаштан ба иқтисодиёти «сабз» ғайриимкон аст»,- баён дошт коршинос.

Бояд гуфт, ки ҳадафи конфронс тақвияти саъю талошҳои муштарак ва дастгирии иҷрои уҳдадориҳои ихтиёрии дар Рӯзномаи Конфронси оби Созмони Милали Муттаҳид сабтшуда, инчунин ҳавасмандгардонии шарикии нав ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба ҳадафҳои об дар Рӯзномаи рушди устувор то соли 2030 мебошад.

Ҳасан Асоев бар ин назар аст, ки натиҷаҳои Конфронси сеюми Душанбе комёбиҳои бадастомадаи Конфронси оби СММ-2023-ро таҳким бахшида, ба қабули уҳдадориҳо ва иқдоми нав дар соҳаи захираҳои об мусоидат менамоянд.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар Конфронси 3-юми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, ниҳодҳои молиявӣ, доираҳои тиҷоратӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилоти хоҷагии об ва дигар ҷонибҳои манфиатдори бахшҳои гуногун, ки соҳаҳои об, энергетика, тандурустӣ, озуқаворӣ, молия, иқлим, муҳити зист, саноат, илм ва маорифро намояндагӣ менамоянд,  дар муҳокима ва таҳияи тавсияҳои мушаххас оид ба татбиқи вазифаҳо ва ҳадафҳои рушди устувор дар соҳаи захираҳои об  иштирок менамоянд.

Коршиноси экологӣ нақши меҳварии конфронсро, пеш аз ҳама,  ташаккул ва такомул додани сиёсати экологӣ дар сатҳҳои гуногун меҳисобад. «Баргузории ин конфронс ба мо имкон медиҳад, ки далелҳои илмию омориии сатҳи байналмилалиро нисбат ба якдигар мавриди омӯзиш қарор дода, нақши обро дар меҳвари рушди иқтисодиёти байналмилалӣ таҷассум намоем. Чунки таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сол ба сол дастрасии аҳолӣ ба об мушкил мешавад. Дар ин замина чунин мешуморам, ки муҳтавои қатъномаҳои қабулшуда ба мо имкон дод, ки имрӯз дар тамоми дипломатияҳо он ҳамчун мафкураи асосӣ дар самти давлатдории кишварҳои ҷаҳон шинохта шавад. Истилоҳҳое, ки имрӯз дар мавзуи дипломатияи об истифода мешаванд, ба ташаккулу такомули фазои илмӣ оид ба масоили об ва иқтисоди «сабз» имконияти мусоид фароҳам меоранд»,-афзуд ӯ.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

 

Июнь 9, 2024 10:00

Хабарҳои дигари ин бахш

«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст
Соли 2028 Душанбе мизбони Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба захираҳои об мегардад
Президенти Тоҷикистон соли 2025-ро соли дастовардҳои назаррас ва рӯйдодҳои муҳими таърихӣ номиданд
ЭМОМАЛӢ РАҲМОН — ТАШАББУСКОРИ ҶАҲОНИИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Дар робита ба қабули қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Бахшида ба он «Муколамаи иқлимӣ барои ҷавонон» доир гардид
Ассамблеяи СММ оид ба муҳити зист қатъномаи Тоҷикистонро оид ба ҳифзи пиряхҳо ва криосфера қабул намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд
«ФАРҲАНГИ СУМАНАКПАЗӢ». Номинатсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид
Дар Душанбе ҷаласаи якуми Шурои миллии об баргузор гардид
Ташаббуси Тоҷикистон оид ба ҳифзи кафтори рахдор дар COP-20 дастгирӣ ёфт
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид