«КОРВОНИ КИТОБ». Ба ифтихори Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба ноҳияҳои минтақаи Рашт китоб тақдим мегардад
ДУШАНБЕ, 27.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ шуруъ аз 19 июн ба ноҳияҳои Рашт, Лахш, Нуробод, Сангвор ва Тоҷикобод даври сеюми сафари «Корвони китоб» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати фарҳанги мамлакат.
Ин иқдом бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташаббуси Вазорати фарҳанги мамлакат ҷиҳати амалӣ намудани «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ва расонидани кумак ҷиҳати мукаммалгардонии захираҳои китобхонаҳо бо китобҳои тозанашр дар доираи баргузории озмунҳои ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон-Ватани азизи ман», «Илм фурӯғи маърифат» амалӣ гардидааст.
Сафари «Корвони китоб» тавассути Корхонаи воҳиди давлатии таъминот ва савдои «Китоб»-и Вазорати фарҳанг амалӣ гардида, дар маҷмӯъ 2 ҳазору 886 нусха китоб аз осори адибони классику муосир адабиёти бадеӣ, бачагона ва ҷаҳон ба 109 китобхонаи шаҳру ноҳияҳои минтақаҳои мазкур то охири ҳамин моҳ супорида мешаванд.
АКС: Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид
Феҳристи ёдгориҳои Намоиши байналмилалии «Тоҷикистон- кишвари ёдгориҳои нодир» таҳия гардид
Имрӯз маросими ҷоизасупории Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» баргузор мегардад






