«Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин — Тоҷикистон» таъсис дода мешавад
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон «Маркази омӯзиши масъалаҳои модернизатсияи Чин-Тоҷикистон» таъсис дода мешавад. Дар ин хусус зимни мулоқоти директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода бо муовини сардори Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Юй Юнчуан иттилоъ дода шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода гуфт, ки ташрифи ҳайати Чин ба Тоҷикистон ба таҳкими ҳамкории илмию таҳлилӣ ва ҳамкории густурда дар самти табодули чопи китобҳо ва нашри мақолаҳои илмию таҳлилии коршиносони ҳарду ҷониб бо забонҳои хориҷӣ дар мавзуъҳои гуногуни ҳаёти иҷтимоӣ дар маҷаллаҳои эътирофгардидаи доираҳои илмии ҳар ду давлат мусоидат менамояд.
Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ ба меҳмонон оид ба самтҳои фаъолияти илмӣ-таҳлилии марказ маълумоти мухтасар пешниҳод намуда, афзуд, ки «сафари ҳайати Чин ба Тоҷикистон дар омӯзиши таҷрибаи пешқадам, муосир ва ҷаҳон дар ҳамкорӣ бо мутахассисони ботаҷрибаи чинӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ бо дастгирии Гурӯҳи байналмилалии иртибототи Чин вобаста ба нашр ва паҳн намудани дастовардҳои илмӣ муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ мегардад, ки мо ҳавасманди ҳамкории судманд дар ин масир ҳастем».
Муовини сардори Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ Юй Юнчуан дар бораи фаъолияти Гурӯҳи байналмилалии иртибототи Чин маълумоти муфассал пешниҳод намуд.
Номбурда ҳавасмандии ҷониби Чинро дар ҳамкории дуҷониба ва ҳамаҷониба бо марказҳои зеҳнии ҳар ду давлат таъкид намуда, афзуд, ки дар самти нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ мутахассисони мо таҷрибаи кофии муосир ва сатҳи ҷаҳониро доранд ва чандин барномаю лоиҳаҳо дар ин самт тарҳрезӣ шудаанд, ки аз фаъолияти устувору пешрафтаи мо далолат медиҳад.
«Мо омода ҳастем, ки бо кормандони марказҳои зеҳнии Тоҷикистон ҳамкорӣ намуда, табодули таҷрибаю бозомӯзӣ ва такмили ихтисосии онҳоро дар ин самт таъмин намоем. Инчунин дар нашри адабиётҳои илмӣ бо забонҳои хориҷӣ ва чопи мақолаҳои илмии коршиносону олимони тоҷик дар маҷаллаҳои бонуфузи Ҷумҳурии Мардумии Чин омода ҳастем, ки кумаки бедареғи худро расонем. Ҳамзамон ҷалби кормандони Маркази тадқиқоти стратегӣ ба лоиҳаҳою барномаҳои дар ин самт амалкунанда низ аз ҷониби Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ дастгирӣ карда мешавад»,- иброз дошт Юй Юнчуан.
Ҷонибҳо ба масъалаҳои ҳамкории дуҷонибаи ҳар ду давлат дар соҳаи нақлиёт, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва ғайраҳо афкори андеша намуда, назари худро дар густариши робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Чин нек арзёбӣ намуданд. Инчунин ба имзои Ёддошти тафоҳум ва ҳамкорӣ байни ниҳодҳои зеҳнии ҳарду мамлакат таваҷҷуҳи хоса зоҳир гардид.
Хайриддин Усмонзода аз иқдомҳои пешгирифтаи ҷониби Раёсати Ҷумҳурии Мардумии Чин оид ба нашр ва паҳн намудани адабиёт бо забонҳои хориҷӣ истиқбол намуда, изҳори умед кард, ки ҳамкории ду ниҳод минбаъд низ рушд хоҳанд кард.
АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Тоҷикистон








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон туман мефарояд
Дар Тоҷикистон дар оғози моҳи якуми сол ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Дар ноҳияи Носири Хусрав тақдими «Шоҳнома»-и безаволи Ҳаким Фирдавсӣ оғоз шуд
«САРҲАДБОНОН-ЧАШМИ БЕДОРИ ВАТАН». Дар қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар партави Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ оид ба масоили соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ ҳамоиш доир шуд
ZET-MOBILE натиҷаҳои давраи чоруми иқдоми «Миллионро гир»-ро барои моҳи ноябр ҷамъбаст кард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон борон меборад
Туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон ба тарбиятгирандагони Мактаб-интернати назди Муассисаи таълимии ноҳияи Спитамен расонида шуданд
Ба тарбиятгирандагони Хонаи кӯдакон ва Мактаб-интернати шаҳри Исфара туҳфаҳои Президенти Тоҷикистон тақдим гардиданд
Дар пленуми Суди Олӣ масъалаи баланд бардоштани сифати баррасии парвандаҳо ва таҳкими қонуният баррасӣ гардид
МегаФон Тоҷикистон натиҷаҳои «техникии» соли 2025-ро ҷамъбаст намуд






