Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни халқи тоҷик шинос шуд
ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле дар доираи сафари кориаш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон бо таъриху тамаддуни куҳанбунёди халқи тоҷик шинос гардид.
АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки ҳайати меҳмононро директори Осорхонаи миллӣ Зафаршо Иброҳимзода истиқбол намуда, аз ҷониби роҳбарияти муассиса барои онҳо сайри осорхонавӣ ташкил карда шуд.
Меҳмонон тавассути тамошои толорҳои намоишии Осорхонаи миллӣ бо ёдгориҳои нодири таърихӣ ва давраҳои пурифтихори таъриху фарҳанги пурғановати халқи тоҷик аз наздик шинос шуданд.
Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Одри Азуле аз тамошои толорҳои намоишӣ изҳори хушҳолӣ намуда, таассуроташро дар китоби «Меҳмонони фахрӣ»-и Осорхонаи миллӣ навишт.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон











Ташаббусҳои байналмилалии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим дар Донишкадаи таҳсилоти обии Делфт муаррифӣ гардиданд
Таҳти унвони «Президент — шаҳсутуни истиқлол ва давлатдории миллӣ» конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Ҷилди сеюми китоби «Абармарди таърихсоз»-и академик Фарҳод Раҳимӣ ба нашр расид
Ҳамкории Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ ва хаттӣ густариш меёбад
Дар ёдгории таърихии Қалъаи «Золи Зар»-и ноҳияи Данғара корҳои сохтмонӣ оғоз гардиданд
Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид






