Муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо сохтмони иншооти ҷашнӣ шинос шуд

Июнь 5, 2024 13:29

ДУШАНБЕ, 05.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар маҷлиси ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 майи соли 2024 баён гардиданд, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамзамон роҳбари гурӯҳи корӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ ба шаҳри Ҳисор рафта, бо якчанд корхонаи саноатӣ  ва корҳои саҳроӣ шинос гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти  иҷроияи  ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор хабар медиҳад.

Муовини Сарвазири Тоҷикистон ва иҷрокунандаи вазифаи Раиси шаҳри Ҳисор дар деҳаҳои Шӯроби Афғон ва Мортеппаи  Ҷамоати деҳоти Сомон бо фаъолияти корхонаи саноатии истеҳсоли хишти пухтаи ҶДММ «Тоҷикавтокараван»  ва бо корҳои саҳроӣ дар хоҷагии  «Баракати Ватан» шинос шуда, майдони кишти картошка ва полезиҳоро, ки бо усули қатрагӣ обёрӣ мешавад, диданд.

Ҳамчунин дар деҳаи Ғайратобод дар Маркази савдо ва хизматрасонии «Алмосӣ» бо толорҳои фурӯши маводи хӯрокворӣ, сару либос, пойафзол, матоъ ва нуқтаҳои хизматрасониву бозии кӯдакон, тарабхона шинос шуда, ба фаъолият ва сифати хизматрасонии масъулини марказ баҳои баланд доданд.

Дар идомаи сафар муовини Сарвазири Тоҷикистон дар шаҳраки Ҳисор бо ҷараёни сохтмони биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои Султон Раҷабов ва Мирзо Турсунзода, ки аз ҷониби ширкатҳои сохтмонии «Ҳисор-Сохтмон» ва «Себистон» бунёд мегарданд, шинос шуд.

Ба муовини Сарвазир масъулини ширкати сохтмонии «Себистон» иттилоъ доданд, ки тарҳи бинои сегонае, ки дар кӯчаи Мирзо Турсунзода бунёд меёбад, дар Тоҷикистон беназир  буда, ду бинои он 17 ва яктои дигар 20-ошёна сохта мешаванд. Дар чор ошёнаи аввал марказҳои савдою хизматрасонӣ, кинотеатр, утоқҳо барои хизматрасонии бонкӣ, парку майдончаҳои истироҳатӣ, гӯшаҳо барои бозиҳои кӯдакона, истгоҳ барои мошинҳо ва ғайра дар назар дошта шудааст. Тибқи лоиҳа, иншоот соли 2026 ба истифода дода мешавад.

Дар маҳаллаи Бобоҷон Ғафурови шаҳраки Ҳисор муовини Сарвазири мамлакат бо ҷараёни сохтмони «Аквапарк», ки аз ҷониби ҶДММ «Фаррух» бунёд мешавад, шинос шуд.

Иттилоъ дода шуд, ки аттраксионҳое, ки насб мегарданд, намунаҳои навтарин буда, бори аввал ба мамлакати мо ворид шуда, нахуст дар шаҳри Ҳисор мавриди истифода қарор мегиранд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор

Июнь 5, 2024 13:29

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Кӯлоб бинои нави таълимӣ бунёд карда мешавад
Сокинони деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ бо оби ошомиданӣ таъмин гардиданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Истаравшан бинои нави муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Кӯлоб 494 иншоот ба истифода дода мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Сокинони Ҷамоати деҳоти Навободи шаҳри Ҳисор чойхона бунёд намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Хуҷанд бинои иловагии гимназияи №4 бунёд карда мешавад
Дар шаҳри Конибодом сохтмони се кӯдакистон оғоз гардид
Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ сохтмони иншооти гуногун идома дорад
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Гулистон корхонаи нави коркарди партов бунёд мегардад
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 33 муассисаи томактабӣ сохта мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ноҳияи Ёвон 5 коргоҳи нави саноатӣ ба истифода дода шуд