Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ» ҷамъбаст гардид

Июнь 15, 2024 15:09

ДУШАНБЕ, 15.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ барои дарёфти «Ҷоми Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» байни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ, ки  13-14 июн баргузор шуд, ҷамъбаст гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар ин коллеҷ хабар доданд.

Раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ иброз дошт, ки мақсади асосии баргузории олимпиадаи мазкур, пеш аз ҳама, баланд бардоштани шавқу завқи хонандагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ба омӯзиши илмҳои дақиқ ва дар оянда ҷалби онҳо ба соҳаҳои мухталифи илм ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ мебошад.

Олимпида маротибаи  аввал бо ташаббуси  Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида,  иштирокчиёнро аз 53 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ бо фарогири 240 нафар ҷамъ овардааст.

Олимпиада бахшида ба амалигардонии Барномаи давлатии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» ва тайёр намудани хонадагон барои иштирок дар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм фурӯғи маърифат» равона гардида, ба ин васила баланд бардоштани маҳорати касбии хонандагон дар раванди фаъолияти илмӣ ва таълимӣ мебошад.

Даври якуми олимпиада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо иштироки 795 хонанда баргузор шуда, 240 нафар ба даври ниҳоӣ роҳ ёфтанд.

Олимпиада тӯли 2 рӯз идома ёфта, хонадагони муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии ҷумҳурӣ дар он фаъолона иштирок намуда, аз худ маҳорати баланд нишон доданд.

Дар охир ғолибон бо «Ҷом»-и Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии, Ифтихорнома, Сипоснома, туҳфаҳои молию пулӣ қадрдонӣ гардида, инчунин беҳтаринҳо барои таҳсил ба тариқи ройгон ба коллеҷҳо аз рӯи равия тавсия гаштанд.

Бояд гуфт, ки иштирокчиёни олимпида, ки аз шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ маротибаи  аввал ба шаҳри Душанбе омадаанд,  боғу гулгаштаҳои зебо ва Осорхонаи миллии Тоҷикистонро  тамошо намуда, аз таърихи гузаштаи худ огоҳӣ пайдо карданд.

АКС: Коллеҷи технологии шаҳри Душанбе

Июнь 15, 2024 15:09

Хабарҳои дигари ин бахш

Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид