«ҶОМИ ҲИЗБИ ХАЛҚИИ ДЕМОКРАТИИ ТОҶИКИСТОН». Дар Хатлон мусобиқаи футбол оғоз гардид
БОХТАР, 13.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон даври сеюми мусобиқаи футболи хурд барои дарёфти «Ҷоми Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон» оғоз гардид, иттилоъ медиҳад мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Сулаймон Холзода.
Мусобиқа ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон бахшида шуда, дар он дастаҳои футбол аз шаҳру ноҳияҳои минтақаи Бохтар иштирок намуданд. Чунин мусобиқаи футбол дар минтақаи Кӯлоб низ гузаронида мешавад.
Пас аз ҷамъбасти мусобиқа ба дастаи ғолиб барои иштирок дар даври ниҳоӣ, ки дар шаҳри Душанбе доир мегардад, роҳхат дода мешавад.
Ҳадаф аз баргузории мусобиқа тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва ҷалби шаҳрвандон ба машғулияти тарбияи ҷисмонӣ, тарғиби васеи бозии футбол байни аҳолӣ, мустаҳкам намудани алоқаи дӯстӣ ва ҷалби ҷавонону наврасон ба варзиш мебошад.
Мақсади он инчунин амалӣ намудани «Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» ва Барномаи махсуси Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон «Дар бораи рушди футбол дар деҳоти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2024» мебошад.
АКС: Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон








«DUSHANBE GRAND SLAM 2026». Аз 1 то 3 май дар Душанбе Мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо доир мешавад
БОЗИҲОИ 20-УМИ ОСИЁ. Шаҳрҳои Нагая ва Аичии Ҷопон ин бозиҳоро мизбонӣ мекунанд
Субҳиддин Халилзода соҳиби Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) гардид
Ҷашни Наврӯз дар аҳди бостон бо мусобиқаи камонварӣ оғоз мегардид
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мегардад
БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд






