Пагоҳ дар «Боғи Ирам»-и Душанбе ҷашни Тиргон, иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» баргузор мегардад

Июнь 29, 2024 08:46

ДУШАНБЕ, 29.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Пагоҳ, 30 июн дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни Тиргон бо баргузории иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон»  баргузор мегардад. Дар инҷо  навъҳои гуногуни зардолу, анвои аз он омодашуда, олу, гелос, шафтолу, себ, ғалладонагӣ, зироати полезӣ, аз ҷумла тарбузу харбуза ба намоиш ва фурӯш гузошта шуда, сокинон ва меҳмонони пойтахт имкон доранд ин маҳсулотро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар дастрас намоянд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати кишоварзии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ҳамчунин дар макони баргузории ҷашни Тиргон дастовардҳои илмии олимони соҳаи кишоварзии мамлакат низ ба намоиш гузошта мешавад.

Дар чорабинӣ  беҳтарин боғдорон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, ки дар фаъолияти яксолаашон ба дастоварҳои намоён  ноил гардидаанд, бо мукофот қадрдонӣ мешаванд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Тиргон низ ба монанди Сада, Наврӯз ва Меҳргон вобаста ба гоҳшуморӣ ё солшумории пешиниён буда, то густариши мардуми ориёитабор вуҷуд дошт. Баъдан, дар даврони паҳн шудани тамаддуни ориёиҳо ниёгони мо ин ҷашнҳоро ба диду салиқаи нав таҷдиди назар ин тантанаҳоро ба шодию нишот баргузор менамуданд. Пас аз Наврӯз, зери таъсири фурӯғи хуршед ҳаво гармтар мешавад. Моҳи Тир (ё Тирмоҳ, баробари 21 июн — 21 июл) дар фасли гармо, дар тобистон рост меояд. Дар ин давра гандум расида, меваҳо мепазанд. Ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин рехтаи ғаллакорон оғоз мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2019 дар Симпозиуми байналмилалии илмии «Пажуҳиш дар фарҳанги бостон: аз дирӯз то имрӯз» иброз намудаанд, ки «мо – мардуми тоҷик бо мероси бузурги Сомониён ифтихор дорем ва анъанаву суннатҳои бостонии худро гиромӣ медонем. Як қисми ин мероси камназир падидаи нодири фарҳангӣ дар тамаддуни башарӣ ба ҳисоб рафта, таърихи боз ҳам қадиматар дорад, ки ҷашну маросим ва ойинҳои Наврӯз, Тиргон (ҷашни қадимаи фасли тобистон), Меҳргон ва Сада аз ҳамин қабиланд…»

Ёдовар мешавем, ки Ҷашни Тиргон бо мақсади таъмини иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 декабри соли 2023 оид ба «Ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, иду озмунҳои фарҳангию маърифатӣ ва анъанаю ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024» баргузор карда мешавад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 29, 2024 08:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Тоҷикистон ба маблағи беш аз 10 миллиард сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид
Вазирони энергетикаи Тоҷикистон ва Русия ҷалби сармоягузорӣ ба лоиҳаҳои энергетикиро баррасӣ намуданд
Намоиш-фурӯши маҳсулоти ҳунармандии занони Хатлон дар Душанбе то 15 апрел идома меёбад
Беҳтарнамоии сифат ва бехатарии ғизо бо коршиносони Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ баррасӣ гардид
ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ЗАМИН. Сокини нoҳияи Вахш дар замини наздиҳавлигияш гармхона ташкил намуд
Дар Санкт-Петербург нахустин Форуми байналмилалии нақлиётӣ-логистикӣ доир гардид
Дурнамои рушди соҳаҳои маориф, тандурустӣ, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ муаррифӣ карда шуд
Дар шаҳри Москва ҷаласаи 109-уми Шурои иқтисодии ИДМ баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Тотористон бо фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии парки технологии «ИСКРА-ВОЛГА» шинос шуд
Байни «Шабакаҳои интиқоли барқ»-и Тоҷикистон ва «Маркази илмӣ-техникии системаи ягонаи энергетикӣ»-и Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Рустам Минниханов: «Барои рушди ҳамкории бисёрҷониба байни Тоҷикистон ва Тотористон имконоти фаровон мавҷуданд»
Дар Қазон ҷаласаи 68-уми Шурои электроэнергетикии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд