Президенти Тоҷикистон: «Соли 2024 метавонад соли арҷгузории шоиста ба захираҳои об гардад»

Июнь 12, 2024 09:31

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 метавонад соли арҷгузории шоиста ба захираҳои об гардад. Конфронси Душанбе, Форуми оби Бали, Саммити оянда дар Ню-Йорк, ҳафтаҳои ҷаҳонии об дар Сингапур, Қоҳира, Стокҳолм ҳамчун занҷираи ягона метавонанд дар ин раванд саҳми муносиб гузоранд. Дар ин хусус 11 июн Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалӣ оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» иброз доштанд.

Дар ин зимн, мо интизори он ҳастем, ки мавзуи об дар рӯзномаи дигар чорабиниҳои ҷаҳонӣ, махсусан конфронсҳои ҷонибҳои Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим дар Озарбойҷон ва ҷонибҳои Конвенсия оид ба гуногунии биологӣ дар Колумбия мавқеи боз ҳам қавӣ касб хоҳад кард.

Ҳамаи ин чорабиниҳо, дар навбати худ, метавонанд барои баргузории муваффақона ва натиҷабахши конфронсҳои оби Созмони Милали Муттаҳид дар солҳои 2026 ва 2028 ва дар маҷмуъ, барои татбиқи самараноки Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” заминаи хуб гузоранд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 09:31

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
­Аз минбари СММ то «Раванди оби Душанбе»: таъсири ташаббусҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон
БОҶАЙЁМ — МУЖДАРАСОНИ НАВРӮЗ. Дар Бадахшон дар ин давра дар тараддуди ҷашнгирии Иди Наврӯз мешуданд
Доир ба мушкилоти тағйирёбии иқлим, сабабҳо, пайомад ва усулҳои мутобиқшавӣ ба он китоб ба нашр расид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд