ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН-ТАШАББУСКОРИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ОБ. Андешаҳои иштирокдорони Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд дар ин хусус

Июнь 12, 2024 07:40

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, 11 июн дар пойтахти Тоҷикистон — шаҳри Душанбе Конференсияи сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба татбиқи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» оғоз гардид. Дар кори ин чорабинии сатҳи баланди байналмилалӣ зиёда аз ду ҳазор нафар аз ҳайатҳои расмии беш аз 100 давлати аъзои Созмони Милали Муттаҳид, роҳбарону коршиносон ва таҳлилгарони масоили обу иқлим аз 62 ташкилоту созмонҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок менамоянд. АМИТ «Ховар» андешаи ду нафар аз иштирокдорони ин чорабиниро манзури хонандагон мегардонад.

 Директори иҷроияи Комиссияи ҷаҳонӣ оид ба иқтисодиёти об Ҳенк Овинк зимни ташриф ба Тоҷикистон гуфт, ки Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе ба андешидани тадбирҳои мушаххас бобати ноил шудан ба ҳадафҳои дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашудаи марбут ба об равона шудааст.

Ҳенк Овинк аз баргузории конфронси сатҳи баланд дар Тоҷикистон изҳори хушҳолӣ намуда,  нақши ин чорабинии сатҳи байналмилалиро  дар ҳаллт мушкилоти таъмини аҳолии сайёра бо об  ва дигар масъалаҳои ба он марбут муҳим арзёбӣ намуд.

Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ Хусрав Нозирӣ оид ба ташаббусҳои  дурбинонаю пешниҳодҳои илман собитгардида ва дорои аҳамияти ҷаҳонии  Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи об   ибрози андеша намуданд.

 Хусрав  Нозирӣ гуфт, ки : «Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқдоми худ дар масъалаи ҳамкорӣ дар ҳавзаи об дар ҷаҳон ҷойгоҳи хосса дорад ва эътироф гардидааст. Маҳз бо шарофату ибтикор ва ташаббусҳои  Президенти Тоҷикистон дар айни замон аҳли башар  ба масъалаи марбут ба об таваҷҷуҳи бештар равона намудааст».

«Мушкилоти об масъалаи танҳо як мамлакат набуда, он масъалаи ҷаҳонӣ аст. Аз ин рӯ аз тамоми давлатҳои ҷаҳон,  созмонҳову ниҳодҳои дахлдор даъват мешавад, ки ҳамкориро дар ин самт бештар намоянд, то масъалаи марбут ба обро муштаракан ҳал намоем»,- афзуд ӯ .

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ташаббускори меҳварии ҳалли масъалаҳои ҷаҳонии об  эътироф гардидаанд.

Тибқи маълумоти созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, зиёда аз 750 миллион нафар ба оби нӯшокии безарар дастрасӣ надошта, интизор меравад, ки бо назардошти афзоиши тадриҷии аҳолӣ то соли 2030 қариб 40 дарсади аҳолии ҷаҳон ба мушкилоти норасоии об дучор гардад.

Инъикоси ташаббусҳои созандаи Президенти Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи захираҳои обии ҷаҳонӣ дар марҳилаҳои зайл мушоҳида мегардад:

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иҷлосияи 54-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид (МУ СММ, 1 октябри 1999) — эълон намудани соли 2003 — Соли оби тоза. Дар асоси ин ташаббус 20 сентябри соли 2000 дар Иҷлосияи 55-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2003 ҳамчун Соли байналмилалии оби тоза эълон карда шуд. 29 август — 1 сентябри соли 2003 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалӣ оид ба оби тоза баргузор гардид;

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2005-2015 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт». 23 декабри соли 2003 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар асоси Эъломияи Душанбе Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2005-2015-ро ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» эълон кард;

— Яке аз механизмҳое, ки дар татбиқи даҳсолаи сипаришуда нақши калидӣ бозид, ин ниҳоди «СММ-Об» (ё ин ки “UN-Water”) мебошад, ки соли 2003 таъсис ёфтааст.

— Соли 2009 дар Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси Тоҷикистон  ниҳоди хеле муассир ва муҳим бо номи Гурўҳи «Дўстони об» таъсис дода шуд, ки ҳоло зиёда аз 100 давлати аъзои ин созмонро фаро мегирад.

— ташаббуси эълон намудани соли 2013 ҳамчун Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об. Соли 2013 ҷомеаи байналмилалӣ бинобар Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид 67/204, ки муаллифаш Тоҷикистон аст, Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи обро таҷлил намуд. Маросими оғози Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж 11 феврали соли 2013 баргузор гардид.

— пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба эълон намудани солҳои 2018-2028 ҳамчун Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор». 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид Қатъномаи дахлдор қабул карда, солҳои 2018-2028-ро  Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» эълон кард. Ин ташаббус бори аввал аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 12 апрели соли 2015 зимни баргузории Форуми ҷаҳонии об дар шаҳри Тегуи Ҷумҳурии Корея пешниҳод гардида буд.

Бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз соли 2003 то соли 2010 дар шаҳри Душанбе якчанд чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ оид ба масъалаҳои гуногуни об гузаронида шуданд, ки муҳимтаринашон инҳо мебошанд:

— Форуми байналмилалии оби тоза, 29 август – 1 сентябри соли 2003;

— Конфронси байналмилалӣ доир ба ҳамкории минтақавӣ дар ҳавзаи дарёҳои байнисарҳадӣ, 30 май – 1 июни соли 2005;

— Конфронси байналмилалӣ доир ба коҳиш додани офатҳои табиии марбут ба об, 27 — 29 июни соли 2008;

— Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба баррасии фарогири миёнамуҳлати рафти татбиқи Даҳсолаи байналмилалии «Об барои ҳаёт», солҳои 2005 – 2015, 8 -10 июни соли 2010.

Тавре Президенти Тоҷикистон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштаанд, «моро зарур аст, ки вобаста ба об дидгоҳи нав дошта бошем, ки дурнамои рушди захираҳои онро инъикос намуда, ҳамзамон ба таҳкими нақши захираҳои оби тоза дар рӯзномаи баъдинаи ҷаҳонӣ мусоидат намояд».

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии  Тоҷикистон/манбаъҳои боз

Июнь 12, 2024 07:40

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишҳоро ба харҷ медиҳад
Ҳайати Тоҷикистон дар намоишгоҳи «Ҳафтаи байналмилалии сабз» дар шаҳри Берлини Олмон иштирок дорад
АЗ НАВОВАРӢ ТО РУШДИ УСТУВОР. Мавқеи Душанбе ҳамчун маркази сайёҳӣ дар минтақа тақвият меёбад
Ташаббусҳои байналмилалӣ нуфузи Тоҷикистонро қавитар мегардонанд
ҲАМКОРӢ БАЙНИ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВА КОРФАРМО. Барои рақобатпазир будан дар бозори меҳнат чӣ бояд кард?
Баҳодур Шерализода: «Қабули Қатъномаи ЮНЕП дар пешбурди дипломатияи муҳити зисти Тоҷикистон нақши назаррас дорад»
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
МУТТАҲИДКУНИИ ҶАҲОН БАРОИ ОБ. Моҳи май дар Душанбе Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» доир мешавад
Таъсиси Шурои миллии об дар Тоҷикистон қадами муҳим дар самти идоракунии устувори захираҳои об аст
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Моҳи майи соли 2026 Душанбе мизбони Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии «Об барои рушди устувор» мегардад
МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ — ПОЯИ АДОЛАТ. Дар робита ба ташаббуси Тоҷикистон дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027»
«ҲИФЗИ ПИРЯХҲО ВА КРИОСФЕРА». Қабули ин қатънома қадами устувор дар масири мутобиқнамоии ноҳияҳои кӯҳсор ба гармшавии глобалии иқлим аст