РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар пойтахти Тоҷикистон Форуми байналмилалии парлумонӣ доир мегардад

Июнь 6, 2024 10:33

ДУШАНБЕ, 06.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парлумонҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» зери унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» Форуми байналмилалии парлумонӣ доир менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси намояндагон хабар медиҳад.

Форум 10 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо иштироки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA) баргузор мегардад.

Ҳамзамон ба форум намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпуси дипломатии муқими Душанбе, ташкилоти байналмилалӣ, ҷавонони ташаббускор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори омма даъват шудаанд.

Интизор меравад, ки дар форум вакилони парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Узбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Герсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмилалӣ иштирок намоянд.

Зимни баргузории форум масоили тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин роҳҳои ҳалли татбиқи иқтидори пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030 ва табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳӣ ва саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор матраҳ мешавад.

Таҳия ва қабули Эъломияи Душанбе, ки дар он амалҳои мушаххаси аз ҷониби вакилони парлумонҳо барои муайян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавонон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағйирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба рӯзномаи Конфронси байналхалқӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин Ҳадафҳои рушди устувор инъикос ёбанд.

Иштирокчиёни ҷаласаи парлумонии минтақавӣ ҳамоиши байналмилалии парлумонҳоро баргузор намуда, дар маросими ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал, Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки 10 июн дар пойтахти мамлакат доир мешавад, иштирок намуда, маконҳои фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисорро тамошо менамоянд.

Ёдовар мешавем, ки Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD) аз 33 Кумитаи миллӣ, ки дар ҳайати худ вакилони парлумонҳои минтақаҳои Осиё-Уқёнуси Ором ва Осиёи Марказиро ба ҳам овардааст, иборат мебошад. AFPPD ҳамчун форум барои тавсия ва ҳамоҳангсозии сиёсатҳои пешгирифта бо мақсади фароҳам овардани ояндаи беҳтар барои тамоми инсоният, бахусус қишри осебпазири ҷомеа, аз ҷумла занон, кӯдакон, ҷавонон ва пиронсолон хизмат менамояд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 6, 2024 10:33

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Наврӯз дар рӯи замин сулҳ ва дӯстӣ меофарад
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум созишнома ба тасвиб расид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид