РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Форуми байналмилалии зан ва об таҷрибаҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ муаррифӣ мегарданд

Июнь 10, 2024 11:10

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Душанбе Форуми байналмилалии зан ва об, ки ҳадаф аз он дастгирии татбиқи ҳадафҳо ва вазифаҳои Даҳсолаи амал оид ба об мебошад, ба кор оғоз намуд, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».

Форум дар доираи  конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» доир мегардад.

Дар форум намояндагони Муколамаи занони Осиёи Марказӣ, коршиносони соҳаи захираҳои об ва масъалаҳои баробарии гендерӣ, намояндагони Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок доранд. Дар умум ҳамоиш намояндагони 27 кишвари ҷаҳонро ба ҳам ҷамъ овард.

Гуфта шуд, ки форум платформа барои занони фаъол ва коршиносони соҳаи об, коршиносони ҳуқуқи гендерӣ ва об, ҷомеаи коршиносон, ҳукуматҳо ва созмонҳои байналмилалии рушд барои арзёбии пешрафт дар иҷрои уҳдадориҳо ва тавсияҳои дар Конфронси об барои соли 2022 ва Форуми оби занон дар соли 2022 хоҳад буд.

Давоми рӯз таҷрибаҳо ва роҳҳои ҳалли инноватсионӣ таҳти роҳбарии занон муаррифӣ ва муҳокима мешаванд, то ин ки татбиқи ҳадафҳои марбут ба оби дар сатҳи байналмилалӣ мувофиқашуда дар сатҳи минтақавӣ ва миллӣ муаррифӣ гарданд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд дар муассисаҳои таҳсилоти касбии Олмон таҳсил намоянд
ЗИҲӢ САРВАР, ЯТИМОНРО ПУШТИБОНУ ЁВАР!!!
15-18 июл дар Тоҷикистон Мактаби тобистонаи таълими ҳуқуқи инсон баргузор мегардад
Дар Душанбе оғози Даҳсолаи байналмилалии амал оид ба илмҳои яхшиносӣ (криосферӣ), солҳои 2025-2034 баррасӣ гардид
Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Дар Душанбе бо мақсади рушди ҳамкорӣ дар самти илмҳои яхшиносӣ вохӯрӣ баргузор гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд