РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ойгул Соловёва: «Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон қадами устувор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зист мебошанд»

Июнь 12, 2024 16:30

ДУШАНБЕ, 12.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии амал об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», ки имрӯзҳо дар пойтахти Тоҷикистон-шаҳри Душанбе доир гардида истодааст, майдони фарох барои дарёфти роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим, ки солҳои охир мардуми сайёраро ба ташвиш оврадаанд, мебошад»,- чунин гуфт дар суҳбат ба хабарнигори АМИТ «Ховар» Марзия Саидзода намояндаи Ассотсиатсияи созмонҳои экологии Қазоқистон Ойгул Соловёва.

Ойгул Соловёва ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи обу иқлим, ки давоми ду даҳсолаи охир аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид пазируфта шудаанд, қадами уствор дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ва ҳифзи муҳити зисти на танҳо минтақаи Осиёи Марказӣ, балки сайёра арзёбӣ намуд.

Намояндаи Ассотсиатсияи созмонҳои экологии Қазоқистон гуфт, ки аз 14 ҳазор пиряхи Тоҷикистон 1000 ададаш об шудааст, ки ин боиси нигаронии на танҳо давлатҳои Осиёи Марказӣ, балки ҷаҳон мебошад, зеро 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ маҳз аз Тоҷикистон ва хусусан аз пиряхҳои баландкӯҳи ин сарзамин ташаккул меёбад.

Ҳамсуҳбати мо иқдоми наҷиби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи обу иқлим муассир ва саривақтӣ арзёбӣ намуд. Махсусан таъкид кард, ки аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид соли 2022 дар иҷлосияи 77-ум қабул гардидани қатънома дар бораи Рӯзи байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон кардани 21 март ва Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон намудани соли 2025, ки тибқи он Фонди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо таъсис дода шуда, соли 2025 дар Душанбе Конфронси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо доир мегардад, хеле хурсандиовар аст.

Ба андешаи коршиноси масоили экологӣ, давлатҳои Осиёи Марказӣ бояд дар ҳалли масъалаҳои марбут ба коҳиш додани партови газҳои гулхонаӣ, ҳифзи муҳити зист ва экология, истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар раванди тағйирёбии иқлим ҳамкориро тақвият бахшанд. Зеро барои ҳаёти башарият, хусусан барои минтақаи Осиёи Марказӣ, ки бо аҳолии 80 миллионааш яке аз минтақаҳои сернуфуси қораи Осиё мебошад, ҳифзи захираҳои обӣ- пешгирии обшавии пиряхҳо дар раванди тағйирёбии иқлим ва таъмини амнияти экологии минтақа хеле муҳим аст.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 12, 2024 16:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доир ба ташаббусҳои Тоҷикистон дар самти обу иқлим конфронси илмӣ-амалӣ баргузор шуд
Ташаббуси Тоҷикистон дар СММ: масъулияти байнинаслӣ ҳамчун парадигмаи нави ҳуқуқи сулҳ. Андешаҳо дар ин маврид
Доир ба Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда дар Ҳисор ҳамоиш баргузор шуд
Ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ ва рушди маърифати ҳуқуқӣ баррасӣ шуданд
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар оид ба Даҳсолаи таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда ҳамоиши илмӣ-амалӣ доир шуд
Ташаббусе, ки аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон сарчашма мегирад
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба ташаббуси навбатии ҷаҳонии Тоҷикистон конференсия ва роҳпаймоии сулҳ баргузор гардид
ТАШАББУСИ НАВИ ҶАҲОНИИ ТОҶИКИСТОН ДАР РОҲИ ЭЪМОРИ СУЛҲИ ПОЙДОР. Андешаҳо дар ин маврид
Талошҳои Президенти Тоҷикистон дар ташаккул ва пешбурди дипломатияи сулҳофарӣ дар муносибатҳои байналмилалӣ назаррасанд
СУЛҲУ ОРОМӢ — АРЗИШИ МУҚАДДАСУ ТАЪРИХӢ. Мулоҳизаҳо дар ҳошияи ташаббусҳои байналмилалии Президенти Тоҷикистон