САЛОМ, ТОБИСТОН! Истироҳатгоҳи «Шабдез»-и ноҳияи Роштқалъа ба қабули наврасон шуруъ мекунад

Июнь 18, 2024 15:17

ДУШАНБЕ, 18.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Яке аз истироҳатгоҳҳои калонтарин дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — «Шабдез», воқеъ дар деҳаи Анҷини ноҳияи Роштқалъа таъмиру навсозӣ шуда, барои қабули хонандагон пурра омода гардидааст. Шурўъ аз 20 июн қабули наврасон ба ин истироҳатгоҳи тобистона оғоз мегардад, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ.

Тибқи иттилои манбаъ, чанде пеш Раиси вилоят Алишер Мирзонабот бо вазъи истироҳатгоҳ аз наздик шинос гардида, ҷиҳати аз таъмири асосӣ баровардани он масъулинро вазифагузорӣ намуда буд.

Бинои хобгоҳ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят таъмир гардида, дар он барои қабули 120 хонанда шароити арзандаи истироҳат фароҳам оварда шудааст. Ҳамаи ҳуҷраҳои хобгоҳ бо ҷевон, мизу курсӣ ва рахти хоби бароҳат таъмин мебошанд.

Аз ҷониби Ширкати барқи «Помир энерҷӣ» ҳамаи утоқҳо бо фурӯзонакҳои каммасрафи барқӣ таъмин шудааст, ки шабонгоҳ ин мавзеъро басо зебою диданӣ мегардонад.

Толорӣ варзишӣ, ки чанде пеш дар ҳолати ногувор қарор дошт, аз ҷониби Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят навсозӣ шуда, бо лавозимоти зарурӣ таъмин гардид.

Дар толори варзишӣ барои бозии шашкаю шоҳмот, тениси рўй миз шароит ташкил шуда, хонандагон метавонанд дар вақтҳои холигии худ ба бозиҳои зеҳнӣ машғул шаванд.

Ҳудуди истироҳатгоҳи тобистона аз ҷониби Муассисаи давлатии «Хоҷагии роҳҳои мошингарди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон» пурра навсозӣ шуда, дарвозаҳои даромадгоҳи он иваз гардиданд.


Ошхонаи истироҳатгоҳи «Шабдез» аз тарафи Агентии захираҳои моддии давлатии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Бадахшон навсозӣ ва ба тартиб дароварда шуд.

Дар ошёнаи дуюми бинои асосӣ синфхонаи технологияи компютерӣ ташкил гардидааст, ки дар як баст метавон 20 нафарро ба омўзиши технологияи муосир ҷалб намуд.

Синфхона дорои тахтаи электронӣ буда, машғулиятҳо аз ҷониби омўзгорони соҳибихтисос ташкил шуда, ба хонандагон дар радифи технологияи компютерӣ, инчунин забонҳои русию англисӣ омӯзонида мешавад.

Тибқи иттилои масъулин, ба истироҳатгоҳи мазкур дар навбати аввал хонандагоне ҷалб хоҳанд шуд, ки дар озмунҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ соҳиби мақоми намоён гардиданд, инчунин хонандагон аз оилаҳои ниёзманд низ ба ин ҷо фаро гирифта мешаванд.

Дар истироҳатгоҳи тобистонаи «Шабдез» майдончаи варзишӣ барои бозии волейболу футболи бо лавозимоти зарурӣ таъмин низ мавҷуд буда, хонандагон дар вақтҳои холигӣ метавонанд ба тарбияи ҷисмонӣ машғул шаванд.

Аз ҷониби масъулони Раёсати тандурустӣ дар бунгоҳи тиббии истироҳатгоҳ шаш нафар кормандони соҳа ба кор ҷалб гардидаанд, ки сари вақт нафарони ниёзмандонро дорую дармон мебахшанд.

Дар бинои мазкур толори хониш бо 40 ҷойи нишаст мавҷуд буда, он бо 700 нусха китоби тозанашр таъмин гардид.

Баъди боздиди корӣ, Раиси Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар бинои Амфитеатри тобистона, ки аз ҷониби Хадамоти танзим дар соҳаи нақлиёт навсозӣ гардид, бо сокинони ноҳияи Роштқалъа вохўрӣ намуд.

Алишер Мирзонабот ҳозиринро бо ҷашни 27-умин солгарди Рўзи Ваҳдати миллӣ аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят муборакбод намуда, гуфт, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди илму дониш ва баланд бардоштани ҳувияти миллӣ аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода менамоянд, то насли наврас дар шароти сатҳи баланд таҳсил намуда, аз илмҳои замони муосир бархурдор гардад.

«Ин ҳама созандагиҳо дар марҳилаи нави рушди Бадахшон аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ин гўшаи Тоҷикистон шаҳодат медиҳад»,-иброз дошт номбурда.

Дар анҷом барномаи ҳунарии аҳли санъату фарҳанги ноҳияи Роштқалъа пешниҳоди ҳозирин гардид, ки ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.

Раиси вилоят ва ҳайати меҳмонон бо шароити истироҳатгоҳи «Саодат»-и ноҳияи Шуғнон низ шинос гардиданд. Истироҳатгоҳи мазкур низ дорои шароити замонавӣ буда, барои қабули хонандагон пурра омода мебошад.

Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

Июнь 18, 2024 15:17

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад