«СИМОИ ЗАН ДАР ЭҶОДИЁТИ РАССОМОНИ ТОҶИКИСТОН ВА ЧИН». Таҳти ин унвон дар Осорхонаи миллӣ намоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши муштарак таҳти унвони «Симои зан дар эҷодиёти рассомони Тоҷикистон ва Чин» доир гардид, ки дар он беш аз 70 асари мусаввирони Тоҷикистону Чин ба маърази тамошо гузошта шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов иттилоъ дод.
Дар намоиш 50 асари рассомони Тоҷикистон, 21 мусаввара ва намунаҳои ҳунари хаттотии Чин ба намоиш гузошта шуданд. Осори ҳунарии пешниҳодгардида, таҷассумгари мақому манзалат ва иффату покдамании зан дар ҷомеа мебошад.
Дар маросими ифтитоҳи намоиши муштарак Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин сухан намуданд.
Инчунин дар намоиш намояндагони аҳли санъату ҳунари ҳар ду давлат иштирок доштанд.
Ҳозирин доир ба рушди муносибатҳои фарҳангӣ ва дӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Мардумии Чин зери сиёсати фарҳангпарваронаи сарони ҳар ду давлат –Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин муҳтарам Си Ҷинпин ибрози андеша карда, дӯстии ду мамлакатро қадимӣ ва қавӣ арзёбӣ намуданд.
АКС: АМИТ «Ховар»




























Намоиши «Достони Сиёвуш» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Намоишномаи мазҳакавии таҳти унвони «Хоҳ биёӣ, хоҳ наё» дар Москва ба саҳна гузошта шуд
Ҳайти эҷодии Тоҷикистон дар Фестивали V байналмилалии театрӣ дар Ашқобод ҳунари миллии театриро муаррифӣ намуд
Бузургтарин ситораҳои санъати Тоҷикистон дар Театри ба номи Лоҳутӣ тарбия ёфтаанд
РӮЗИ ТЕАТРИ ТОҶИК. Дар Тоҷикистон беш аз 20 театри халқӣ фаъолият мекунад
Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи театр ҳамоиш доир гардид
Дар Душанбе намоиши асарҳои рассомони Тоҷикистону Чин доир гардид
Одил Дониш аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон боздид намуд
Ҳаракати фарҳангии «Корвони китоб» дар минтақаи Кӯлоб идома дорад
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъат оид ба нақши фарҳангу санъат дар муносибатҳои байналмилалӣ ҳамоиш баргузор гардид
Ҷилди панҷуми китоби «Таърихи халқи тоҷик» рунамоӣ гардид
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст






