ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 23 июн, якшанбе, 175-умин рӯзи соли 2024 аст

Июнь 23, 2024 08:00

Дар ин рӯзи соли 2004  Парлумони Тоҷикистон ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид намуд, ки тибқи он воситаҳои ахбори оммаи чопӣ барои нашр ва паҳн намудани ахбор аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда шуданд.

***

23 июни соли 2010 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри иштирок дар тантанаҳои идона бахшида ба 13-умин солгарди ҷашни Ваҳдати миллӣ ва шиносоии наздик бо вазъи зиндагии мардум ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон сафар намуданд. Сафари Президенти мамлакат аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфт. Мардуми шукргузори ноҳия Сарвари давлатро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ва муҳаббату самимияти зиёд истиқбол гирифтанд.

***

11 сол пеш, 23 июни соли 2013 Амири Давлати Кувайт шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо олитарин мукофоти давлатии худ- ордени «Муборак Алкабир» сарфароз намуд. Инчунин аз ҷониби Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон шайх Сабоҳ Алаҳмад Алҷобир Ассабоҳ бо ордени «Исмоили Сомонӣ дараҷаи I» сарфароз гардонида шуд.

***

Дар ин рӯзи соли 2014 дар Қасри Подшоҳи Малайзия дар мулоқоти Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва Подшоҳи ин мамлакат волоҳазрат Абдулҳалим Муаззам ҷанбаҳои гуногуни муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия баррасӣ карда шуданд.

***

23 июни соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин мулоқот намуданд. Дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмуъи васеи масоили ҳамкории Тоҷикистону Чин дар сатҳи дуҷониба ва ҳам дар чаҳорчӯби Созмони ҳамкории Шанхай баррасӣ гардид.

***

23 июни соли 2017  Президенти мамлакат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи Иди саиди фитр ба Муассисаи махсуси таҳсилоти асосӣ «Мактаб — интернати ёрирасони рақами 3»- и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе ташриф оварданд. Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баробари шиносоӣ бо шароити моддию маънавии бошандагони ин даргоҳи илму маърифат, ҳамчунин ба 100 нафар кӯдаки маъюби мактаб — интернат ва 101 нафар тарбиятгирандаи Хонаи кӯдакони синни томактабии рақами 1 — и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки барои мулоқот бо Президенти мамлакат ба ин ҷо омада буданд, сару либос ва дигар кумакҳои моддӣ тақдим намуданд.

***

Дар ин рўзи соли 2021 Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев суҳбати телефонӣ доир намуданд.

***

23 июни соли 2022 дар муҷтамаи  «Манеж»-и шаҳри Душанбе калонтарин Намоишгоҳи байналмилали универсалӣ — Ярмаркаи «Тоҷикистон-2022» бо ширкати беш аз 70 корхона ва ширкатҳои саноатӣ аз Узбекистон, Олмон, Эрон, Русия, Корея, Чин ва Тоҷикистон оғоз гардид, ки то 26 июн идома  ёфт. Дар намоишгоҳ зиёда аз 70 корхонаю ташкилот, аз ҷумла Фабрикаи қаннодии «АМИРӢ», Корхонаи саноатии «СИЁМА», ҶДММ «МАРМАРӢ», ҶДММ «САРДОР», Памир-Голд, ГУП «Комбинати хӯрокворӣ», ҶДММ «Шифо чой», ҶДММ «Фаровон-1», ҶДММ «Сем Инвест», ТАЛКО, ҶДММ «РАХШ ПОКСОН», СИ «SIMON COSMETICS», TOO «XEФЕЛЕ» ва дигар корхонаҳои дохилию хориҷӣ молу маҳсулоти худро  ба намоиш гузоштанд.

23 ИЮН ТАҶЛИЛ МЕГАРДАД:

Рӯзи байналмилалии олимпӣ.

***

Рӯзи байналмилалии хизматчиёни давлатӣ.

***

 Дар Молдавия — Рӯзи истиқлолият.

***

Дар Қазоқистон — Рӯзи политсия.

Июнь 23, 2024 08:00

Хабарҳои дигари ин бахш