ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар «Офтобак»-и шаҳри Норак 300 хонанда ба истироҳати бофароғат фаро гирифта мешавад
НОРАК, 24.06.2023. /АМИТ «Ховар»/. Бо дастгирии Шурои иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон дар шаҳри Норак истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Офтобак» ба фаъолият оғоз намуд, ки дар басти якуми он 100 нафар кӯдаку наврас аз шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба истироҳат фаро гирифта шудаанд. Дар ин хусус ба мухбири минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак хабар доданд.
Тибқи иттилои раиси Иттифоқи касабаи кормандони маорифи шаҳри Норак Аслия Сафарзода, истироҳатгоҳи «Офтобак» соли равон дар се баст фаъолият намуда, мувофиқи нақшаи пешбинишуда, дар он бояд 300 нафар кӯдаку наврас ба фароғат фаро гирифта шаванд. Дар басти аввал 100 нафар кӯдаку наврас ҷалб гардиданд, ки бо чор вақт хӯроки гарм таъмин буда, ба онҳо беҳтарин мураббияҳо машғулиятҳои тарбиявию фарҳангӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ мегузаронанд.
Мутахассисони шуъбаи маорифи шаҳри Норак иброз доштанд, ки то имрӯз дар истироҳатгоҳҳои наздимактабии шаҳри Норак 2260 нафар наврас ба истироҳат фаро гирифта шуданд ва мувофиқи нақша, бояд дар назди муассисаҳои томактабӣ 2220 нафар, дар назди марказҳои зертобеи шуъбаи маориф 1490 нафар, дар назди мактабҳои варзишӣ 970 нафар ва дар истироҳатгоҳҳои берун аз шаҳрӣ 535 нафар ба истироҳати тобистона ҷалб гарданд.
Ба истироҳатгоҳи «Офтобак» дар навбати аввал кӯдакону наврасони ятиму бепарастор, аз оилаҳои камбизоат, хонандагони қобилиятнок ва фарзандони кормандони соҳаҳои гуногун дар ҳамкорӣ бо масъулини иттифоқҳои касабаи вилояти Хатлон ба истироҳат ҷалб мегарданд.
Барои хубу хотирмон гузаштани таътили тобистона мураббиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» ғайр аз машғулиятҳои варзишӣ, аз қабили оббозӣ, шашкаю шоҳмот, футбол, волейбол ва тенниси рӯйи мизӣ, инчунин чорабиниҳои гуногуни «Шоми байтбарак», озмунҳои «Ҳозирҷавобон» ва хондани сурудҳо дар васфи Ватан-Модар доир намуда, хотири истироҳаткунандагонро болида месозанд.
Мураббиён ва мутассадиёни истироҳатгоҳи «Офтобак» мақсад гузоштаанд, ки кӯдакону наврасон дар таътили тобистона бо як ҷаҳон таассуроти неку фаромӯшношуданӣ ба хона, назди волидонашон баргарданд.
АКС: АМИТ «Ховар»










ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






