ТИРГОН ҶАШНИ ТОБИСТОН АСТ. Ин ҷашни миллии мо асоси илмиву таърихӣ ва фарҳангиву маънавӣ дорад

Июнь 30, 2024 08:51

ДУШАНБЕ, 30.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Тиргон яке аз чаҳор ҷашни миллии мо тоҷикон мебошад, ки дар 13-умин рӯз аз моҳи тир (тиррӯз) барпо мешуд. Агар Сада дар фасли зимистон, Наврӯз дар баҳорон ва Меҳргон дар тирамоҳ таҷлил ёбанд, пас Тиргон ҷашни тобистон аст. Ин ҷашнҳо ҳар яке марбут ба табиат ҳастанд, чуночи, Сада ҷашни оташ, Наврӯз ҷаши хоку замин, Тиргон марбути об ва Меҳргон марбути рӯшноии осмон ва ҳавост. Ин ҷаҳор ҷашн ҷаҳор унсури азалии барои инсон муқаддас мебошанд. Пас  ҷашнҳои миллии мо ҳама асоси илмиву таърихиву фарҳангиву маънавӣ доранд. Ин матлабро коршиноси масоили экологӣ Ҳасан Асоев иброз намуд.

—  Агар ба гузаштаи тамаддуни хеш назар намоем маълум мегардад, ки ҷашнҳои бостонии мардуми мо Садда, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ба ҳодисаҳои табиат иртибот доранд. Далели мазкур аз он шаҳодат медиҳад, ки ҳар як ҷашни бостонии мардуми мо хусусияти табиӣ дошта, муҳтавои онҳо таъриху тамаддуни чандинҳазорсолаи халқи тоҷикро таҷассум менамояд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки дар фарҳанги халқи тоҷик ҷашнҳову ойинҳое, ки муносибати инсонро ба табиат муайян мекунад, хело зиёд вомехӯрад.

Мутафакирони бузурги халки тоҷик Абурайҳони Берунӣ дар  асараш «Осор-ул-боқия»,  баргузории ин ҷашнро  чунин маънидод намудааст: «…номи ин рӯз Тир аст, ки Уторид бошад ва он ситораи нависандагон аст. Ва дар ин рӯз буд, ки Ҳушанг номи бародари худро бузург гардонид ва деҳқанатро ба ӯ дод. Ва деҳқанату китобат як чиз аст ва ин рӯзро аз роҳи ҷалолияту эъзом ид гардониданд.  Ва дар ин рӯз Ҳушанг мардуми дунёро амр кард, ки либоси котибӣ бипӯшанд. Ва низ деҳқононро ба ин кор амр кард. Ва аз ин рӯз мулуку деҳқонону мӯбадон ва ғайри эшон ин либосро пӯшиданд.  Ва  то рӯзгори Гӯштосп аз роҳи ҷалолияти китобат ва афзалияти деҳқонон ин расм боқӣ бувад… ».

Муҳаққиқи тоҷик Зафар Мирзоён дар мақолаи «Тиргон ва биниши тоҷикони бостон» чунин навиштааст: «ҷашнҳои куҳани мо реша дар замони Пешдодиён дошта, аз боварҳои тоҷикону ориёнтаборони бостон – оини меҳр сарчашма гирифтаанд».

Фолклоршиноси тоҷик Дилшод Раҳимов Тиргонро ҷашни об гуфтааст. Ҳоло бархе аз муҳаққиқон тиргонро ҷашни кишоварзон ном мебаранд. Агар бо чунин назардоштҳо андешаҳои хешро дар ин хусус натиҷагирӣ намоем,  маълум мегардад, ки ин ҷашни миллии мардуми мо таърихи куҳан дошта, ифтихори мардуми ориёитабор буда, баргузории он аз фарҳанги бой ва гузаштаи пурғановати маънавии мо шаҳодат медиҳад. Хушбахтона, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кӯшишу талошҳои  Роҳбари давлатамон ин ҷашнҳои миллӣ бо суннатии гузаштагонамон аз нав эҳё гардида, бошукӯҳу ҳашамати хоса ҳар яки онҳо пайи ҳам таҷлил карда мешаванд.

Акнун вақти он расидааст, ки онро дар доираи се ҷанбаи муҳим, ҷанбаи кайҳонӣ – ситорашиносӣ, ҷанбаи достонӣ ва асотирӣ ва ҷанбаи иқлимӣ кишоварзӣ мавриди пажуҳиш қарор дода, вобаста ба ҳар як ҷанба дар доираи бистсолаи омӯзиши илмҳои табиатиносӣ  ба ташаккулёбии маърифати илмии насли таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоем.

Дар заминаи ин ҷашнвора Раёсати Институти масъалаҳои об, гидроэнергетика ва экологияи Академияи миллии илмҳо тасмим гирифтааст, ки муҳтавои онро аз лиҳози об ва Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистононро аз лиҳози кишоварзӣ минбаъд мавриди пажуҳиш қарор дода, баҳри оммавӣ гардонидани он  дар байни табақаҳои гуногуни ҷомеа татбирҳои мушаххас андешида истодаанд.

Зеро барои исботи қадимӣ, соҳибтамаддун ва  фарҳангсолор будани миллати тоҷик ҳамин далел кофист, ки ин миллат дар ҷаҳор фасли сол ҷаҳор ҷашни оламшумулу аз ҷониби ҷаҳониён пазируфтае дорад, ки ҳар яке аз ин ҷашнҳо заминаҳои қавии илмиву асотирӣ ва кайҳониву рӯҳонии худро дошта,  падидаи хуҷастаи ҳаёти маънавии инсоният дар рӯи Замин мебошанд. Ва дар баробари ин ҳар яке аз ин ҷашнҳо дар тӯли асрҳо ҳазорон суннату одобу фарҳанги бешабеҳи ин миллати моро дар худ маҳфуз доштаанд, ки ҳар яке ҳадафҳои зиёди инсонпарварона, хайрхоҳонаву некбинонаро  дунболагиранд.

Боиси хушнудист, ки имсол соли дуюм аст, ки дар саросари Тоҷикистон  мардум ҷашни тиргонро бо шукӯҳу шаҳомати хоса баргузор менамояд. Аз ин минбаъд эҳёи ҷашни Тиргон ба насли имрӯзу фардои мо лаҳзаҳои хушу хурсандӣ биоварад ва дӯстию рафоқат ва ҳисси ватанпарастию табиатдӯстиро таҳким бахшад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 30, 2024 08:51

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАБИАТ МЕКУНАД МОРО ТАБОБАТ! Исфаноҷ пайдоиши саратонро пешгирӣ мекунад
СОЗТАРОШӢ. Созтарошон фарҳанги мусиқии миллӣ ва мероси ниёгонро зинда нигоҳ медоранд
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
Чаро бемории аллергия бештар дар фасли баҳор ба мушоҳида мерасад?
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Дар Кангурт ҷашни Наврӯзро бо расму ойинҳои хос таҷлил менамоянд