«ТОҶИКИСТОН — ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар Хоруғ даври вилоятии ин озмун оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 24.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон даври вилоятии Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон- Ватани азизи ман» оғоз гардид, ки дар он 330 нафар ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ иштирок мекунанд.
Тавре дар Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон иттилоъ доданд, дар даври аввали озмун 751 нафар довталаб иштирок намуд, ки ба даври дуюми озмун 330 нафар (аз 12 то 17 сола 240 нафар, аз 18 то 35 сола 90 нафар) роҳхат гирифтанд.
Муовини раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Нилуфар Асламшоева иброз дошт, ки миллати тоҷик аз қадимулаём дорои фарҳанги бою ғаннӣ буда, маҳз бо расму суннатҳои аҷдодии худ дар ҷаҳон маъмулу машҳур мебошад. Озмуни ҷумҳуриявии «Точикистон-Ватани азизи ман» барои сокинони ин диёр имконият фароҳам овард, ки истеъдодҳои нав ба майдони фарҳангу ҳунар ворид гарданд.
«Ин озмуни ҷумҳуриявӣ, ки давоми чанд сол боз аз сатҳи ҷамоатҳо то сатҳи ҷумҳуривӣ баргузор мегардад, даҳҳо ҳунармандони навро кашф ва ба роҳи санъату фарҳанг раҳнамун сохт. Ҳадафи баргузории озмун ин пайдо намудани чеҳраҳои нав ва сайқал додани малакаву маҳорати сарояндагию навозандагӣ, дизайнерӣ байни табақаҳои гуногуни ҷомеа маънидод карда мешавад»,-гуфт номбурда.
Дар Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» 84 нафар довталаб аз руйи номинатсияи санъати тасвирӣ — дизайн ва ороиши амалӣ- бадеӣ иштирок намуда, ҳунари худро аз қабили муҳрабофӣ, кандакорӣ ва расомӣ пешкаши аъзои ҳакамон намуданд.
АКС: Мақомоти иҷрояии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон








Такмили Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баррасӣ шуд
Дар Душанбе мавсими 17-уми Ҳафтаи мӯди Тоҷикистон оғоз гардид
Ба ифтихори 145-солагии Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум конференсияи байналмилалӣ баргузор мешавад
«Борбади Марвазӣ — нобиғаи нотакрори мусиқии Шарқ», — бардошт аз конфронси байналмилалӣ дар Душанбе
Дилрабо Мансурӣ: «Муаррифии мероси Борбади Марвазӣ ба ғанигардонии фарҳанги башарӣ мусоидат мекунад»
Шоҳрух Аҳкомӣ: «Талошҳои Президенти Тоҷикистон воқеан арзандаи қадрдонӣ ва сипосгузорӣ мебошанд»
Конфронси байналмилалии «Саҳми таърихии Борбади Марвазӣ дар рушди мусиқии анъанавии Шарқ» оғоз шуд
Оид ба сиёсати давлатӣ ва таҳкими ҳувияти миллӣ дар шароити рақамикунонӣ конференсияи ҷумҳуриявӣ доир шуд
Адиби тоҷик Сипеҳр Ҳасанзод дар Тошканд ба узвият ва ҳайати Иттифоқи ҷаҳонии ходимони эҷодиёти халқ пазируфта шуд
Душанбе мизбони конфронси байналмилалӣ доир ба саҳми таърихии Борбади Марвазӣ мегардад
Дар Агентии ҳифзи мероси таърихию фарҳангӣ бахшида ба Рӯзи Парчам ҳамоиш доир гардид






