ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ИТТИҲОДИ СОКИНОНИ ТОҶИКИСТОН. Дар Бонки миллӣ ҳамоиши идона доир гардид

Июнь 26, 2024 15:41

ДУШАНБЕ,26.06.2024/АМИТ «Ховар»/. Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҷассумгари иттиҳоди тамоми сокинони мамлакат ва якпорчагии марзу буми Тоҷикистон, гувоҳи фарҳанги таҳаммулгаро ва башардӯстона доштани фарзандони фидоии он, бахусус Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин нукта дар ҳамоиши ҷашнӣ, ки ба ифтихори 27-умин солгарди Рӯзи ваҳдати миллӣ дар Бонки миллии Тоҷикистон доир гардид, баён шуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода ҳозиринро бо ин ҷашни фархунда табрик намуда, афзуд, ки Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар тақвими миллати тоҷик ҳамчун оғози марҳилаи нави таърихӣ сабт гардидааст.

Таъкид гардид, ки бо фаро расидани сулҳу оромӣ Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ пояҳои давлатдории миллиро таҳким бахшида, дастовардҳо ва иқтидори иқтисодию иҷтимоии худро рӯз ба рӯз афзун мегардонад.

Раиси Бонки миллӣ иброз дошт, ки: «ваҳдати миллӣ ва фазои ороми сулҳу субот дар мамлакат аз ҳар кадоми мо талаб мекунад, ки ҳамқадами ҷомеаи муосир бошем, наслҳои имрӯзу ояндаро ба омӯхтани илми муосир, яъне дастовардҳои илму техника ва технологияи нав, аз ҷумла татбиқи онҳо дар низоми бонкии мамлакат, омӯхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем. Нагузорем, ки ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро ҳамроҳ шаванд, ба фарҳангу одоби бегона кӯркӯрона тақлид намоянд, балки онҳоро дар руҳияи нигаҳдории расму анъанаҳои аҷдодии худ тарбия намоем».


Иштирокдорони ҳамоиши аз нақши ваҳдати миллӣ дар таҳкими давлату давлатдорӣ сухан карда, иброз доштанд, ки бо шарофати барқарор шудани сулҳу ваҳдати миллӣ дар таърихи навини мамлакат марҳилаи нави созандагию бунёдкорӣ оғоз гардид. Барқарор шудани сулҳу субот имкон фароҳам овард, ки барномаҳои муҳимми иқтисодию иҷтимоӣ, аз ҷумла таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, таъмини истиқлолияти озуқаворӣ ва дигар маъракаҳои сиёсию фарҳангӣ шуруъ ва роҳандозӣ гарданд.

Сипас намояндагони Шурои ҷавонони Бонки миллии Тоҷикистон дар васфи ваҳдати миллӣ аз эҷодиёти адибони муосири тоҷик пораҳои шеърӣ қироат намуданд.

АКС: Бонки миллии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 15:41

Хабарҳои дигари ин бахш

ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1060 то 0.1080 муқаррар шудааст
Роҳбарияти Бонки миллии Тоҷикистон ва намояндагони GGGI рушди маблағгузории устуворро баррасӣ намуданд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2516 то 9.2700 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 қурби расмии доллари амрикоӣ нисбат ба сомонӣ 0,17 фоиз баланд шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1080 то 0.1195 сомонӣ муқаррар шудааст
Ҳаҷми дороиҳо, уҳдадориҳо ва сармояи ташкилоти қарзии молиявӣ зиёд гардидааст
Дар нимсолаи якуми соли 2026 дороиҳои «Саноатсодиротбонк» 1,3 миллиард сомониро ташкил дод
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар нимсолаи якуми соли 2026 сатҳи таваррум 2,4 фоизро ташкил намуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 доллари ИМА аз 9.2500 то 9.2700 сомонӣ сомонӣ муқаррар шудаас
«Амонатбонк» ба 143 муштарӣ дар ҳаҷми 8,5 миллион сомонӣ қарзи ипотекӣ пешниҳод намуд
«Амонатбонк» ба муштариён хизматрасонии нави қарзии рақамии онлайнӣ пешниҳод намуд
Дороиҳои «Амонатбонк» 13 миллиард сомониро ташкил дода, сармояи бонк ба 1,2 миллиард сомонӣ расидааст