Вазири адлияи Тоҷикистон дар машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай суханронӣ намуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ашуриён дар Машварати ёздаҳуми вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки тариқи маҷозӣ баргузор гардид, иштирок ва оид ба иқдоми устувори Тоҷикистон барои ҷорӣ намудани «ҳукумати электронӣ» сухан гуфт. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати адлияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.
Машварати ёздаҳуми вазирони адлия таҳти раёсати Вазири адлияи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардида, дар он масъалаи навовариҳо дар фаъолияти вазоратҳои адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ва дурнамои минбаъдаи рушди ҳамкорӣ баррасӣ гардид.
Ҳамзамон дар ҷараёни машварат оид ба масъалаҳои рақамикунонии хизматрасонии давлатӣ, рушди ҳамкорӣ дар соҳаи нотариат, сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, ёрии ҳуқуқии ройгон, иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва экспертизаи судӣ мубодилаи афкор доир шуд.
Дар Машварати ёздаҳуми вазирони адлия вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Узбекистон, Беларус, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Исломии Покистон ва муовини Дабири кулли Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд, ки Тоҷикистон барои таъмини хизматрасонии босифати давлатӣ тавассути ҷорӣ намудани «ҳукумати электронӣ» иқдоми устувор ва саривақтӣ андешида, ҳуҷҷатҳои асосии марбут ба ин соҳаро қабул намудааст.
Пас аз ҷамъбасти машварат вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Изҳороти муштарак ба имзо расониданд, ки тибқи он машварати навбатӣ соли 2025 дар Федератсияи Русия баргузор мегардад.
Инчунин дар охири нишаст вазирони адлияи давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай бо ибрози аҳаммияти муҳимми рушди ҳамкории байниидоравӣ нақшаҳои чорабиниҳои гурӯҳҳои кории коршиносон оид ба хизматрасонии ҳуқуқӣ ва фаъолияти экспертизаи судиро барои солҳои 2024-2026 тасдиқ намуданд.
АКС: Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон








Қоҳир Расулзода: «Раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай ба иқтисод ва мавқеи ин созмони бонуфуз таҳким бахшид»
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай баргузор гардид
ТОҶИКИСТОН ВА СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ. Саҳми давлати мо дар таҳкими ҳамкории гуногунҷанба ва баланд бардоштани нуфузи созмон назаррас аст
Ҳайатҳои иштирокчии ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба Тоҷикистон ташриф меоранд
Сарвазири Шурои давлатии Чин барои ҳамкории босифат бо Тоҷикистон дар чаҳорчӯби Ташаббуси «Як камарбанд, як роҳ» изҳори омодагӣ намуд
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд
Иштирокдорони Форуми ҷавонони СҲШ аз Осорхонаи миллии Тоҷикистон дидан намуданд
Дар доираи TAJ-TECH 2026 дар Душанбе Форуми стартапҳои давлатҳои аъзои СҲШ доир шуд
Дар Душанбе ҷаласаи навбатии роҳбарони мақомоти зиддиинҳисории давлатҳои аъзои СҲШ доир гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модӣ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳо дар қолаби СҲШ+ иштирок намуданд






