Вазири молияи Тоҷикистон дар Форуми рушди ОПЕК дар Вена иштирок намуд

Июнь 26, 2024 10:53

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн дар шаҳри Вена Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар Форуми рушди ОПЕК таҳти унвони «Пешбурди устуворӣ ва баробарӣ» иштирок намуд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати молияи ҷумҳурӣ хабар медиҳад.

Дар форум нахуст оид ба фаъолияти Фонди ОПЕК дар самти рушди устувор рӯнамо пешниҳод гардид.

Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода дар қисмати 3-юми Форум, ки ба мавзуи «Дастгирии неруи инсонӣ» бахшида шуда буд, дар бораи аҳамияти рушди сармояи инсонӣ дар пешбурди рушди устувори иқтисодӣ ибрози андеша намуд.

Ҳамзамон зимни суханронӣ оид ба таҷриба ва ислоҳоти анҷомдодаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти маблағузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, ки ба рушди фарогир мусоидат менамоянд, иттилоъ дода шуд.

Форуми Рушди ОПЕК ҳамчун як платформа роҳбарон ва коршиносони байналмилалиро аз мамлакатҳои мухталиф барои баррасии роҳҳои муосири рушди устувор ҷамъ оварда, барои иштирокчиён ҷиҳати табодули таҷриба, афкор ва роҳандозии шарикӣ имконият фароҳам овард.

АКС: Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 26, 2024 10:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»