Ян Борг: «Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Малта кумак ва ҳамкориро бо Тоҷикистон тақвият мебахшанд»

Июнь 26, 2024 14:37

ДУШАНБЕ, 26.06.2024 /АМИТ «Ховар»/. «Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) ва Ҷумҳурии Малта кумак ва ҳамкориро бо Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият мебахшанд», — гуфт имрӯз дар Душанбе пас аз мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг.

«Имсол мо сисолагии ҳамкории Тоҷикистонро бо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо таҷлил менамоем. Давоми ин солҳо садҳо лоиҳаҳои дуҷониба дар бахшҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ амалӣ гардидаанд. Дар мулоқот масъалаи тақвияти сарҳад баррасӣ шуда, оид ба афзалиятҳои ҳамкории баъдӣ изҳори назар намудем», — таъкид кард  Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо.

Ян Борг изҳор дошт, ки дар мулоқот  инчунин масъалаҳои минтақавӣ, аз ҷумла масъалаҳои марбут ба Афғонистон баррасӣ гардиданд, ки ҷонибҳо ҳамкории судмандро бо шарикони байналмилалӣ дар пойдории сулҳу субот дар минтақа зарур шумурданд.

«Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо ва Ҷумҳурии Малта кумак ва ҳамкориро бо мардуми Тоҷикистон идома хоҳад дод», — гуфт дар анҷом Раисикунандаи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Вазири корҳои хориҷиву аврупоӣ ва савдои Ҷумҳурии Малта Ян Борг.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 26, 2024 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаи ҳафтуми мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои аъзои СҲШ дар Бишкек иштирок намуд
Дар Боку машваратҳои консулии Тоҷикистону Озарбойҷон баргузор шуданд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд