Зулфиқор Гулаҳмадзода: «Шабакаи ҷавонон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода мешавад

Июнь 10, 2024 19:35

ДУШАНБЕ, 10.06.2024. /АМИТ «Ховар»/. «Мо ба ҷавонон барои ғояҳои олӣ ва иштироки фаъолонаашон дар барномаи обу иқлим ташаккур мегӯем. Боварӣ дорем, ки бо шарофати дилгармӣ, заҳмат ва ғояҳои навоваронаи онҳо мо якҷоя бо оқибатҳои манфии тағйирёбии иқлим дар давлати худ ва берун аз он мубориза хоҳем бурд», — изҳор дошт Раиси Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода имрӯз дар Форуми ҷавонон ва кӯдакон бахшида ба масъалаҳои об ва иқлим, ки дар доираи Конфронси байналмилалии оби Душанбе доир ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, иттилоъ медиҳад хабарнигори АМИТ «Ховар».

Иттилоъ дода шуд, ки аз ҷониби Кумита барои дар сатҳи баланд амалӣ намудани иштироки ҷавонон ва наврасон дар масъалаҳои об ва иқлим «Шабакаи ҷавонон оид ба масъалаҳои об ва иқлим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъсис дода мешавад, яъне аз ҷониби ин шабака минбаъд дар тамоми шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ фаъолияти эковолонтёрӣ гузаронида мешавад.

Таъсиси Шабакаи ҷавонони Тоҷикистон барои об ва иқлим дар як замони муҳиме доир мешавад, ки Тоҷикистон чанде қабл Эъломия оид ба фаъолияти кӯдакон, ҷавонон ва иқлимро имзо намуд. Ин уҳдадории Ҳукуматро барои тезонидан, амалӣ гардондани сиёсат ва тадбирҳои фарогири иқлим барои баланд бардоштани некӯаҳволии кӯдакон ва ҷавонон дар сатҳи миллӣ бори дигар тасдиқ менамояд.

Гуфта шуд, ки Тоҷикистон яке аз мамлакатҳои  осебпазир аз таъсири тағйирёбии иқлим бо мушкилоти марбут ба камбудии об, ҳодисаҳои фавқулода ва таъсири баъдӣ ба кишоварзӣ ва воситаҳои зиндагӣ рӯ ба рӯ аст. Аз лиҳози демографӣ шумораи бештари аҳолии Тоҷикистонро дар муқоиса бо дигар кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷавонон ташкил медиҳанд. Зиёда аз 70 дарсади аҳолии Тоҷикистонро ҷавонони аз 14 то 30-сола ва 40 дарсадро наврасони 15-19-сола ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, нақши муҳими ҷавонон дар ҳалли ин мушкилот, бахусус дар фазои обу иқлим барои муайян кардан, ҷалб намудан, тавонмандӣ ва равон кардани ҷавонони пешсаф барои иштироки фаъолона дар ташаббусҳо оид ба рушди устувори захираҳои об ва иқлим, инчунин таҳкими устуворӣ ва пешбурди тағйироти мусбат дар ҷомеаҳои худ ва ҳам дар сатҳи миллӣ муҳим аст.

Кӯдакон ва ҷавонон наслҳои оянда мебошанд, ки аз буҳрони тағйирёбии иқлим бештар осеб мебинанд ва ин буҳрон ба амалҳои бесобиқа, фаврӣ ва далерона ниёз дорад. Кӯдакон ва ҷавонон инчунин бояд дастгирӣ, таҳкими иқтидор ва роҳнамоӣ гиранд, то ҳамчун аъзои фаъоли гурӯҳҳои гуфтушунидҳо ҳоло ва солҳои оянда дар он  иштирок карда тавонанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 10, 2024 19:35

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
22 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБ. Тоҷикистон дар масъалаи пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об давлати пешсаф эътироф шудааст
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Конфронси чоруми Душанбе байни конфронсҳои солҳои 2023 ва 2026 ҳамчун пул хизмат менамояд
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо ва ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо конфронси миллӣ баргузор шуд
Оид ба тадбирҳои технологии ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид