Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Тоҷикистон ва Узбекистон тақвият меёбад

Июль 31, 2024 13:53

ДУШАНБЕ, 31.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Узбекистон тавассути сиёсати оқилонаи Сарони давлатҳо робитаҳои хуби иқтисодӣ ва илмиву фарҳангӣ доранд, иброз гардид 30 июл зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо вазири хоҷагии қишлоқи Ҷумҳурии Узбекистон Иброҳим Абдураҳмонов. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба  хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар медиҳад.

Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки дар ҳарду мамлакат бо ҷалби сармояи муштарак даҳҳо корхонаҳои саноатӣ фаъолият дошта, равобити иқтисодӣ густариш меёбад.

Раҷаббой Аҳмадзода доир ба вазъи соҳаи кишоварзӣ дар вилояти Суғд ва зарфияту имконияти мавҷуда маълумот дода, барои тавсеаи ҳамкорӣ дар бахшҳои боғпарварӣ, кирмакпарварӣ, зотпарварӣ, тухмипарварӣ, ташкили гармхонаҳои инноватсионӣ изҳори назар намуд.

Бояд гуфт, ки аз Ҷумҳурии Узбекистон соли 2023 тухмии гандум ва дигар зироат ба Тоҷикистон ворид гардид, ки кишоварзони вилоят аз он ҳосили хуб ба даст оварданд.

Ҷонибҳо амалӣ намудани ҳамкорӣ дар соҳаи илмро мувофиқи мақсад дониста, ташкили машғулияту даврҳои бозомӯзиро ба манфиати тарафайн арзёбӣ карданд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

Июль 31, 2024 13:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи стандартизатсия ва метрология Созишнома ба имзо расониданд
Олимони соҳаи кишоварзии Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳамкориро тақвият мебахшанд
Дар Нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ байни ширкатҳои Тоҷикистон, Озарбойҷон ва Узбекистон созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар мавсими имсола IRS 100 километр роҳро таъмири ҷорӣ менамояд
Дар Душанбе Форуми иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қирғизистон ҷараён дорад
Бонки Осиёии рушд барои дастгирии занони деҳот дар вилояти Хатлон лоиҳаҳо амалӣ менамояд
«Стратегияи ҷалби сармоя ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040» қабул гардид
Дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ ва Намоишгоҳи таҷҳизот ва маҳсулоти нассоҷӣ оғоз гардид
Тоҷикистон ва Қирғизистон тасмим гирифтаанд, ки ҳаҷми савдоро то ба 500 миллион доллар расонанд
Пагоҳ дар Душанбе нахустин Форуми байналмилалии нассоҷӣ оғоз меёбад
Дар 5 моҳи соли 2025 гардиши савдои мутақобила байни Тоҷикистон ва Қирғизистон 6,1 миллион долларро ташкил дод
Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ месозад