Ҳамкории Тоҷикистон ва Нидерланд дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об дар Ню-Йорк баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ,16.07.2024/АМИТ «Ховар»/. Дар ҳошияи Форуми сиёсии сатҳи баланд оид ба рушди устувор (HLPF-2024) дар Ню-Йорк Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо намояндаи махсуси оби Шоҳигарии Нидерланд хонум Майке ван Гиннекен мулоқот намуд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар мулоқот ҷонибҳо вобаста ба ҳамкории муштараки давлатҳо дар татбиқи Рӯзномаи амал оид ба об барои ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, пешбарии мавзуи об дар платформаҳои байналмилалӣ, аз ҷумла, Конфронси 29-уми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (COP 29) ибрози назар намуданд.
Майке ван Гиннекен, ки дар Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» (10-13-уми июн, Душанбе) иштирок карда буд, таассуроташро аз натиҷаҳои муваффақи ин ҳамоиши сатҳи ҷаҳонӣ баён дошт.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки талошҳои пайгиронаи давлатҳо барои ҳалли яке аз масъалаҳои мубрами ҷомеаи ҷаҳонӣ – дастрасӣ ба об мусоидат хоҳад намуд.
АКС:Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ ва ҳолати инфрасохтори обёрии ноҳияи Мастчоҳ шинос шуд
Дар Душанбе оид ба ташхиси макроиқтисодӣ ҳамоиш баргузор шуд






