Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид

Июль 3, 2024 19:23

ДУШАНБЕ, 03.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Байни Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёддошти тафоҳум ба имзо расид, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» дар ин кумита.

Ёддошти тафоҳум имрӯз дар вохӯрии раиси Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ Фарҳод Раҳимӣ ва Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах ба имзо расид.

Зимни мулоқот Фарҳод Раҳимӣ дар бораи фаъолияти кумита маълумоти муфассал дода, гуфт, ки дар Тоҷикистон 63 муассисаи таҳсилоти ибтидоии касбии давлатӣ ва 2 муассисаи ғайридавлатӣ фаъолият дошта,   шуғлу касбҳои талаботи замони муосирро  ба  шаҳрвандони ҷумҳурӣ меомӯзанд.

Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ дар оянда талош меварзад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбиро бо таҷҳизоту техникаи муосир таъмин намояд.

Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах барои пазироӣ ва меҳнавозии хоси тоҷикона  миннатдорӣ намуда, аз ҳамкории судманди Тоҷикистону Олмон ҷиҳати соҳибкасб намудани шаҳрвандон ёдовар гардид.

Иброз шуд, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон дар доираи ҳамкорӣ  дар деҳаи Вранги ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Муассисаи давлатии «Литсейи касбии техники»-ро пурра  навсозӣ намуда, онро бо техника ва таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонид.

Ҳамзамон ташкилот тасмим гирифтааст, ки дар ояндаи наздик дар ноҳияи Лахш Литсейи касбии техникии муосир сохта,  мавриди истифода қарор диҳад.

Дар вохӯрӣ Фарҳод Раҳимӣ ба Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах барои дастгириҳои пайваста  миннатдорӣ намуда, пешниҳод кард, ки дар доираи имкониятҳои ташкилот дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ҷиҳати таъсиси Литсейи касбии техникӣ мусоидат намоянд.

Аз ҷониби Директори Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон Ёоханнес Калтенбах пешниҳоди мазкур хуб пазируфта шуда, таъкид гардид, ки дар ояндаи наздик сохтмони муассисаи мазкур ба нақша гирифта мешавад.

Бояд гуфт, ки Ташкилоти байналмилалии Агроаксияи Олмон аз соли 1994 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият намуда, шуруъ аз соли 2015 дар бахши таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва таҳсилоти калонсолон дар Тоҷикистон саҳм гузошта истодааст.

АКС: Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 3, 2024 19:23

Хабарҳои дигари ин бахш

Фаррух Каримзода дар Олимпиадаи кушоди математикии донишҷӯёни мактабҳои олии ҷаҳон соҳиби медали тилло гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Фирдавсӣ 10 муассисаи томактабӣ бунёд мегардад
Маорифчиёни ноҳияи Шоҳмансур Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар сатҳи баланд таҷлил намуданд
МАСЛИҲАТ БА ДОВТАЛАБ. Ҳангоми интихоби касб довталаб бояд бештар дониш ва истеъдодашро ба назар гирад
Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид