Дар Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ ба масъалаи бунёди неругоҳҳои бодӣ ва офтобӣ таваҷҷуҳ зоҳир гардид

Июль 2, 2024 14:43

ДУШАНБЕ, 02.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 барои Тоҷикистон ва Хазинаи байналмилалии асъор соли хотирмон гардид. Дар ин сол барномаи нави Хазинаи айналмилалии асъор қабул шуда, директори Хазинаи айналмилалии асъор Кристалина Георгиева ба Тоҷикистон ташриф овард. 16 майи соли равон дар Қасри миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Директори идории Хазинаи байналмилалии асъор хонум Кристалина Георгиеваро ба ҳузур пазируфта, иброз доштанд, ки «мо саҳми Хазинаи байналмилалии асъорро дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодии кишварамон қадр менамоем». Ин матлабро муовини аввали Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода зимни Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, ки имрӯз дар Маҷмааи «Хуталон» баргузор шуд, баён намуд.

Тавре мухбири АМИТ «Ховар» аз макони баргузории чорабинӣ хабар медиҳад, дар ҷаласа муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода, роҳбарияти Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ, роҳбарони вазоратҳои молия, бонкҳои марказии Конфедератсияи Шветсария, Тоҷикистон, Полша, Озарбойҷон, Қазоқистон, Узбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон иштирок намуданд.

Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳоким Холиқзода дар ифтитоҳи ҷаласа иброз дошт, ки Тоҷикистон таҳкиму тавсеаи ҳамкориро бо Хазинаи байналмилалии асъор барои амалисозии минбаъдаи ислоҳоти иқтисодӣ ва тарақиёти бомароми мамлакат зарур мешуморад. Мусоидат ба таъмини суботи молиявӣ, таҳкими низоми бонкӣ, дастгирии лоиҳаҳое, ки ба ташаккули иқтисоди «сабз», густариши рақамикунонӣ, ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ ва обу иқлим равона шудаанд, аз самтҳои афзалиятноки ҳамкории минбаъда арзёбӣ мегардад.

«Низоми шаффофи иқтисодӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки эътимоди сармоягузорони хориҷиро таҳким бахшад ва ба рушди тиҷорат ва инфрасохтор дар мамлакат мусоидат кунад. Дар ин нишаст густариши ҳамкорӣ бо шарикони рушд дар соҳаҳои судовари саноат, кишоварзӣ, энергетика ва тақвияти неруи инсонӣ, роҳҳои пешбурди сиёсати пулию қарзӣ, коҳиши фишори таваррум ва дигар масъалаҳои муҳим мавриди баррасӣ қарор мегиранд», -тазаккур дод Ҳоким Холиқзода.

Иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои марбут ба рушди устувор дар Иттиҳоди Аврупо ва Осиёи Марказиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон доир ба таъсири раванди тағйирёбии иқлим, ки солҳои охир ба рушди иқтисоди ҷаҳонӣ, аз ҷумла давлатҳои Осиёи Марказӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст, ибрози назар намуданд.

Таъкид гардид, ки давлатҳои Осиёи Марказӣ дар рушди иқтисоди ҷаҳон нақши муассир гузошта, айни ҳол дар марҳалаи рушд қарор доранд.

Ҳамзамон иштирокдорони ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба рушди иқтисоди миллӣ, ташакули неруи инсонӣ, сармоягузорӣ дар рушди энергияи сабз дар минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла бунёди неругҳҳои бодӣ ва офтобӣ, истифодаи самараноки соҳаи гидроэнергетика ва захираҳои обӣ, пешрафти соҳаи маориф, рушди долонҳои нақлиётӣ ва ҳукумати электрониро баррасӣ намуданд, ки дар рушд ва баланд бардошти сатҳи иҷтимоию иқтисодиёти давлатҳои ҷаҳон нақши калидӣ доранд.

Дар доираи Ҷаласаи гурӯҳи электорати Хазинаи байналмилалии асъор ва Бонки ҷаҳонӣ ҳамзамон машварати сатҳи баланд дар мавзуъҳои «Иқтисодиёти сабз — ҳамчун алтернатива барои рушди иқтисоди мамлактҳои ҷаҳон» ва «Рақамикунонӣ- ҳамчун тамоюли рушди иқтисоди миллӣ ва ҷомеаи муосир» баргузор мегардад.

Марзи САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 2, 2024 14:43

Хабарҳои дигари ин бахш

«Муждаи зафар». Дар ноҳияи Ёвон дурнамои истеҳсоли пахта барзиёд иҷро гардид
Дар даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ба соҳаи энергетика 30 миллиард сомонӣ равона гардид
АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» муассисаҳои таълимӣ ва иншооти саноатӣ бунёд мегарданд
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе масъалаи тақвияти рақамикунонии давлатӣ баррасӣ гардид
Намояндагони Тоҷикистон дар Симпозиуми Созмони ҷаҳонии гумрук дар Брюссел иштирок намуданд
Ширкати ҳавопаймоии Shohin Airlines парвозҳои мунтазами дохилиро ба чор шаҳри Тоҷикистон оғоз менамояд
Сеюмин конференсияи солонаи Платформаи минтақавӣ оид ба татбиқи босуръати Конвенсияи СММ бар зидди коррупсия дар Осиёи Марказӣ доир шуд
Вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Новосибирски Русия ҳамкорӣ менамоянд
Дар Анталия Павилиони миллии Тоҷикистон дар доираи COP31 ифтитоҳ гардид
Тоҷикистон дар доираи COP31 ҳамоиши байналмилалӣ доир намуд