Дар Душанбе намоиши «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид

Июль 19, 2024 15:49

ДУШАНБЕ, 19.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Ба ифтихори шомил шудани «Анъанаи бофтани атласу адрас» ба Феҳристи мероси ғайримоддии башарият ЮНЕСКО ва бо мақсади арҷ гузоштан ба либоси миллӣ, баланд бардоштани қадру манзалати либоси тоҷикӣ, ки муаррифи фарҳанги миллӣ аст, имрӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон намоиши осорхонавӣ таҳти унвони «Намунаҳои атласу адраси тоҷикӣ аз фонди Осорхонаи миллӣ» ифтитоҳ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» сардори шуъбаи методӣ ва тайёр кардани кадрҳои илмии Осорхонаи миллии Тоҷикистон Алишер Зарипов хабар дод.

Дар қисмати ифтитоҳи намоиш доир ба мақому манзалати либоси миллӣ ва эҳтирому арҷгузорӣ ба он сухан гуфта шуд.

Нусхаи Сертификате, ки ворид шудани «Анъанаи бофтани атласу адрас»-ро ба Феҳристи мероси ғайри моддии башарият ЮНЕСКО тасдиқ мекунад, барои нигаҳдорӣ ва истифодаи минбаъда ба Осорхонаи миллӣ тақдим гардид.

Дар намоиш аз фонди тиллоии Осорхонаи миллӣ беҳтарин намунаҳои гуногуни атласу адраси тоҷикӣ, куртаву ҷомаҳои миллии занона бо тарҳу дӯхти зебо ва аксу мусаввараҳое, ки таҷассумгари либоси миллии зан-модари тоҷик мебошанд, ба маърази тамошо гузошта шуданд.

Ҳамзамон дар маркази намоиш ҷолибтарин осори таърихӣ – дастгоҳи бофандагие, ки ҳунармандон тавассути он тору пудро бо ҳам оварда, атласу адрас мебофтанд, пешниҳоди тамошобин гардонида шуд.

АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон

Июль 19, 2024 15:49

Хабарҳои дигари ин бахш

Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд
Гирандагони Шоҳҷоизаи Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» дар соли 2026 муайян гардиданд
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон–Ватани азизи ман» оғоз гардид