Дар Хоруғ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тӯби дастӣ байни наврасон баргузор гардид
ХОРУҒ, 06.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Хоруғ Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ аз намуди тӯби дастӣ (ҳендбол) байни наврасон баргузор гардид, ки дар он дастаҳои «Душанбе-1», «ВМКБ-1», «ВМКБ-2», «Хатлон-1», «Хатлон-2» ва «ШНТҶ» иштирок намуданд.
Тавре хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад, мусобиқа се рӯз идома ёфта, бо пирӯзии дастаи «Душанбе-1» ба поён расид.
Мақоми дуюмро дастаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва зинаи сеюмро дастаи Хатлон соҳиб шуданд.
Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Солеҳҷон Амирҷонзода аз рафати бозӣ ва натиҷаи он изҳори қаноатмандӣ намуда, гуфт, ки «ҳамаи дастаҳо ба мусобиқаи имсола бо омодагии комил ҳозир шуданд. Ҷараёни бозиҳо нишон дод, ки суръати ҳаракат, ҳамалаҳои ногаҳонӣ, чолокона идора кардани тӯб, вокуниши саривақт дар баробари бозингарони дастаи муқобил ба дастаи «Душанбе1» имконият дод, ки аз рӯзи аввал рақибони худро пай дар пай пушти сар гузошта, дар бозии ниҳоӣ низ дастаи «ВМКБ -1»- ро шикаст дода, дар сархати ҷадвали ин мусобиқа қарор бигирад. Гарчӣ ду сол пеш дар чунин мусобиқа, ки дар шаҳри Душанбе баргузор гашт, дастаи ВМКБ ҷои аввал гирифта буд, аммо имсол ноком шуд. Ин даста бояд аз рӯи иштибоҳоте, ки дар чемпионати имсола роҳ дод, натиҷагирӣ кунад ва ба мусобиқаи оянда бо омодагии комилтар ҳозир шавад».
« 13 июли соли равон Варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ баъди навсозӣ, дуввумбора дарвозаҳои худро барои дӯстдорони бозии футбол боз мекунад. Дар ин рӯз бозии дӯстона байни дастаҳои Душанбе ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон баргузор мегардад»,-иттилоъ дод Солеҳҷон Амирҷонзода .
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






