Дар маҳаллаи «Фалакон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт доир ба маърифати хонадорӣ барои духтарони ҷавон чорабинӣ баргузор шуд

Июль 17, 2024 17:35

ДУШАНБЕ, 17.07.2024 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар маҳаллаи «Фалакон»-и ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барномаи маърифатӣ доир гардид, ки дар он занону духтарони ҳунарманд ва кадбонуҳои соҳибзавқ маҳсули дасти худро ба намоиш гузошта, ба духтарони ҷавон аз маърифати баланди хонадорӣ сухан гуфтанд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар».

Дар чорабинӣ муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур Заррина Зуҳурзода иброз дошт, ки «занони тоҷик аз қадим кадбонуҳои соҳибзавқ буданд.Онҳо хеҷ гоҳ вақти худро беҳуда сарф намекарданд. Ба ғайр аз тарбияи фарзанд, занону духтарон ба гулдӯзӣ, гилембофӣ, атласу адрасбофӣ, кулолгарӣ, сабадбофӣ ва дигар ҳунарҳо шуғл варзида, осори дастони гулофарашон хонаю дарашонро оро медод. Онҳо маърифати баланди хонадорӣ дошта, ба духтарони худ ҳатман ҳунар меомӯхтанд».

«Бо ташаббус ва дастгириҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳунарҳои мардумӣ дар Тоҷикистон рушд намуда, эълон гардидани соли 2018 Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, солҳои 2019-2021- Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва солҳои 2022-2026 -Солҳои рушди саноат, қабул гардидани «Барномаи рушди ҳунармандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, инчунин аз пардохти андоз аз маҳсулоти дар хона истеҳсолшуда озод кардани ҳунармандон натиҷаи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мебошанд, ки маҳз дар натиҷаи татбиқ ва амалӣ намудани қонуну барномаҳои қабулгардида шумораи косибону ҳунармандон дар миқёси мамлакат сол то сол зиёд мешавад»,-афзуд номбурда.


Муовини Раиси ноҳияи Шоҳмансур занони ҳунарманди соҳибтаҷрибаро даъват намуд, ки аз ҳисоби духтарони ҷавон шогирд тарбия намоянд, то онҳо соҳиби кору маош гардида, сатҳи зиндагиашонро баланд бардоранд.

Таъкид гардид, ки мақсад аз баргузор намудани чорабинии имрӯза эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ, тарғиби либоси миллӣ, баланд бардоштани маърифати хонадорӣ, тарбияи дурусти фарзандон, нигоҳдошти беҳтарини суннатҳои миллии ниёгон дар самти омода намудани хӯрокҳои миллӣ, хӯришҳои болаззат ва ҳунари дастархонороӣ мебошад. Тавассути ин гуна чорабиниҳо духтарони ҷавон дарси рӯзғордорӣ омӯхта, ба зиндагии мустақилона омода мешаванд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 17, 2024 17:35

Хабарҳои дигари ин бахш

ИМРӮЗ–РӮЗИ ИТТИФОҚҲОИ КАСАБА. Беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии бабри барфӣ дар Хоруғ конфронси илмӣ-амалӣ доир шуд
ПУРСИДЕД, ҶАВОБ МЕДИҲЕМ. Доғи судӣ чӣ гуна метавонад монеаи гирифтани патент дар Федератсияи Русия гардад?
Оид ба идоракунии инноватсионии давлатӣ дар шароити трансформатсияи иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар Самарқанд Саммити ҷаҳонӣ доир ба некӯаҳволии кӯдакон баргузор гардид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар вилояти Суғд зиёда аз 1200 муассисаи тиббии давлатӣ ва хусусӣ фаъолият дорад
Моҳи ноябр дар Тоҷикистон бориши борон ва ба амал омадани чангу ғубор дар назар аст
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Дар муассисаҳои таълимии шаҳри Ҳисор 2277 тонна ангишт захира гардидааст
Қариб 200 миллион нафар дар ҷаҳон аз истеъмоли нокифояи йод азият мекашанд
Дар Душанбе омодасозии мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар Осиёи Марказӣ баррасӣ гардид
Бахшида ба Рӯзи Президенти Тоҷикистон таҳти унвони «Тамаддуни ориёӣ» озмуни ҷумҳуриявӣ доир мешавад