Дар Маркази тадқиқоти стратегӣ оид ба масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ –амалӣ доир шуд

Июль 4, 2024 09:38

ДУШАНБЕ, 04.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. 3 июл дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамоиши илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити муосир» баргузор гардид, ки зимни он масоили вазъи кунунӣ ва дар ин замина таҳияи тавсияҳо доир ба равандҳои пурзиддияти муосир ва таъсири онҳо ба суботи сиёсӣ баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба   Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар медиҳад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайриддин Усмонзода изҳор намуд, ки вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, зуҳури созмону ташкилотҳои экстремистию террористӣ дар фазои маҷозӣ ва афзоиши ҷиноятҳои киберӣ тавассути интернет моро водор месозад, ки қабл аз ҳама, дар бобати пешгирӣ ва бартараф сохтани хатару таҳдидҳои фазои маҷозӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир намоем ва ба ин восита амнияти миллӣ, аз ҷумла амнияти иттилоотии давлатро дар шакли муносиб таъмин намоем.

Мавсуф таъкид намуд, ки имрӯз дар ҷаҳон давлате вуҷуд надорад, ки шаҳрвандонаш корбари фазои маҷозӣ набошанд. Ҳоло дар ҷаҳон як қатор шабакаҳои иҷтимоӣ, ба монанди «Facebook», «Youtube», «Instagram», «Twitter», «Telegram», «imo», «Viber», «Одноклассники», «ВКонтакте» ва ғайра ба вуҷуд омадаанд, ки ҳамарӯза ба онҳо одамони бисёре ворид гардида, бештари вақти худро дар фазои маҷозӣ мегузаронанд.

«Бино ба омори «Websiterating.com» беш аз 5,6 миллиард сокини сайёраи Замин истифодабарандагони шабакаи интернет мебошанд. Аз ин бармеояд, ки шабакаи интернет тадриҷан ба тамоми соҳаҳои ҳаёти башарият ворид мегардад. Чунин вазъият боис гардидааст, ки давлатҳои ҷаҳон дар раванди таъмини амнияти миллии хеш доир ба киберфазо ё худ фазои маҷозӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд. Махсусан, масъалаи имконот, таҳдид, қудрат, ҳуҷум ва ҳимояи фазои маҷозӣ барои давлатҳо рӯзмарра гардида, онҳоро водор намудааст, ки муносибати махсусро дар ин замина ба роҳ монанд»,-афзуд Хайриддин Усмонзода.

Гуфта шуд, ки мутолиа ва дарки ҳодисаю воқеаҳои ҷаҳони имрӯза ҳар як сокини ҷумҳуриамонро ба он умедвор менамояд, ки новобаста ба вазъи мураккаби сиёсию иқтисодии ҷаҳони муосир, зарфияти таваҷҷуҳи худро ба беҳбуд бахшидани зиндагии мардум сол то сол бештар намуда, кафолати ҳаёти осоиштаю сулҳомезро истеҳком бахшад. Айни замон фазои суботи мамлакат имкон додааст, ки бузургтарин лоиҳаҳо дар соҳаҳои гуногуни ҷумҳурӣ бо ҷалби сармоягузории хеле калони хориҷи амалӣ гарданд ва мардуми ҷумҳурӣ дар фазои амну субот кору фаъолияти пурсамар дошта бошанд.

Дар ҳамоиш дар мавзуҳои «Равандҳои муосири муҳоҷират ва таъсири онҳо ба суботи сиёсӣ», «Стратегияи таъмини суботи сиёсӣ дар шароити афзоиши рақобатҳои геопаолитикӣ», «Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими суботи сиёсӣ ва муқовимат бо интишори маводи носаҳеҳ» ва «Мушкилоти асосии амнияти иттилоотӣ ва роҳҳои бартарафсозии онҳо» маърӯзаҳо шунида шуд.

Иштирокчиёни ҳамоиш пиромуни таҳлили вазъи мавҷудаи ҳаёти сиёсии ҷомеа ва масъалаҳои мубрами таъмини суботи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, арзёбии заминаю омилҳои тақвиятбахши суботи сиёсии ҷомеаи Тоҷикистон, мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими суботи сиёсӣ ва мусоидат ба устувории фазоии иттилоотии мамлакат дар қиболи ин падидаҳо, бартарафсозии ҷанбаҳои осебпазири суботи иқтисодӣ ва роҳҳои мусоидат ба рушди стратегии сиёсати давлатӣ дар қаринаи таҳдиду хатарҳои муосири байналмилалӣ дар шароити имрӯза ибрози назар ва табодули афкор намуданд.

АКС: Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 4, 2024 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо нишастҳои матбуотӣ баргузор мешаванд
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон барф меборад
Дар шаҳри Норак барои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ санҷишҳои шабона гузаронида шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Боғпарварон бояд аз рӯзҳои сард ва бориши барф самаранок истифода намоянд
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти гумрук дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оид ба чораҳои бехатарии радиатсионӣ машварат баргузор шуд
Алоқаи боэътимод барои бонки рақамӣ
Имрӯз дар Тоҷикистон барф меборад
ЗАХИРАҲОИ ГИДРОЭНЕРГЕТИКӢ. Дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Соли 2025 дар ноҳияи Фирдавсӣ 25 ташкилоти Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон таъсис дода шуд