Дар муқоиса ба соли пешин имсол дар Тоҷикистон 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ зиёд шудааст
ДУШАНБЕ, 27.07.2024. /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 теъдоди муассисаҳои томактабӣ дар Тоҷикистон ба 717 адад расида, дар онҳо 104 ҳазору 921 кӯдак таълиму тарбия мегиранд, ки дар муқоиса ба соли гузашта 10 муассисаи таҳсилоти томактабӣ ва 2 396 нафар кӯдак зиёд мебошад. Дар ин хусус 26 июл Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.
Ба гуфти вазири маориф ва илм, ҳамзамон дар назди муассисаҳои таҳсилоти умумӣ 2 381 Маркази инкишофи кӯдак бо фарогирии 96 ҳазору 546 кӯдак таъсис дода шудааст, ки нисбат ба соли 2023 — 270 марказ ва 27 ҳазору 655 кӯдак зиёд мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ гуфта шуд, ки дар ҷумҳурӣ 140 муассисаи томактабии хусусӣ бо фарогирии 11 ҳазору 593 нафар кӯдак ва 22 Маркази инкишофи хусусӣ бо фарогирии 693 нафар кӯдак фаъолият менамояд.
Дар маҷмуъ, фарогирӣ ба зинаи томактабӣ 201 ҳазору 467 нафар ё 20,2%-ро ташкил медиҳад.
Иттилоъ дода шуд, ки давоми моҳи апрели соли 2024 аз ҳисоби шарикони рушд ба марказҳои инкишофи кӯдаки назди муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳо 23 номгӯй маводу таҷҳизот ба маблағи 6 миллиону 738 ҳазор 165 сомонӣ ройгон дастрас шуд.
Ҳамчунин дар доираи Лоиҳаи «Инкишофи барвақтии кӯдакон барои густариши сармояи инсонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ноҳияҳои Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Кӯшониён сохтмони 2 муассисаи томактабӣ ба маблағи 2 миллион доллари ИМА, инчунин дар ноҳияҳои пилотии Лоиҳа таъмири 39 муассиса ба маблағи 840 ҳазор доллар ва сохтмону таъмири 500 Маркази инкишофи кӯдак бо маблағи 12 миллиону 500 ҳазор доллар идома дорад. Барои муассисаҳои томактабии ноҳияҳои пилотӣ 1 995 кати хоб, 1500 миз, 5984 курсӣ харидорӣ ва дастрас шуд.
Таъкид шуд, ки бо назардошти муҳиммияти масъалаи таҳсилоти томактабӣ сохтори вазорат таҷдид гардида, бахши томактабӣ ба Раёсати таҳсилоти томактабӣ табдил дода шуд.
«Ҷиҳати танзими заминаи меъёрии ҳукуқии марказҳои инкишофи кӯдак ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» илова ворид гардида, мақоми ҳуқуқии марказҳои инкишофи кӯдак муқаррар ва Тартиби ташкил ва фаъолияти шаклҳои алтернативии таълиму тарбияи томактабӣ таҳия карда шуд.
Низомномаи намунавии марказ (гурӯҳ)-иинкишофи барвақтии кӯдак таҳия ва Низомномаи намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ таҷдиди назар гардида, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол гардид», -гуфт Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Иброз гардид, ки бо мақсади таҷдиди мундариҷаи таълиму тарбияи томактабӣ «Нақшаи таълимии намунавии муассисаҳои таҳсилоти томактабии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024-2025» таҳия карда шуд. Минбаъд хештаншиносӣ, забони давлатӣ ва забонҳои русиву англисӣ дар гурӯҳҳои ғайритоҷикӣ чун машғулияти ҳатмӣ ҳафтае 2 маротиба таълим дода мешавад.
Ҳамчунин ҷадвали басти воҳидҳои кории муассисаҳои томактабӣ, таҷдиди назар карда шуда, мураббии марказ (гурӯҳ)-инкишофи барвақтии кӯдак ва омӯзгорони фанҳои забони русиву англисӣ ҳамчун воҳиди алоҳидаи корӣ ворид карда шуд.
Фаъолияти муассисаҳои томактабӣ зери назорат қарор дошта, ҳамасола 2 маротиба дар ҷаласаҳои мушовара мавриди баррасӣ ва чораҷӯйӣ қарор дода мешавад.
Зимни омӯзишу санҷиш муайян карда шуд, ки бо таваҷҷуҳу ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои нави муассисаҳои томактабӣ бунёд ва ба истифода дода мешаванд ва инфрасохтори муассисаҳои томактабӣ рӯ ба беҳбудӣ овардааст.
Зарангези ЛАТИФ,
Тоҳири САИД (акс),
АМИТ «Ховар»








ИЛМУ МАОРИФ БА ОЯНДАИ БОСАОДАТИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТ ТАВЪАМ АСТ. Андешаҳо дар ҳошияи Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ
Ҷаласаи гурӯҳи кории Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор шуд
Дар Душанбе дар нуҳ сол беш аз 54 мактаб ва 42 муассисаи томактабӣ сохта шудааст
Оид ба тамоюлҳои рушди психологияи муосир ва татбиқи он дар низоми таҳсилоти рақамӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд
«ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Барои баргузории ин озмуни ҷумҳуриявӣ зиёда аз 9 миллион сомонӣ ҷудо гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳадяи китоб ҳамоиш доир гардид
Бахшида ба «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» дар Душанбе конференсияи илмӣ доир шуд
Дар оянда дар маҳали Донишкадаи инноватсионии Душанбе шаҳраки донишҷӯён сохта мешавад
РУШДИ САНОАТИ ФАРМАТСЕВТИИ ВАТАНӢ. Дар Парки технологии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон аз пӯсти меваи анор дору тайёр мекунанд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Филиали Донишгоҳи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе соҳиби ду таҷҳизоти лабораторӣ аз фанни физика гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва King’s College London Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Дар Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур дар шаҳри Душанбе шумораи донишҷӯён меафзояд






